Музокироти ҳастаии Эрон то авоили тобистони соли оянда тамдид шуд
Image copyrightEPAБо бенатиҷа мондани музокироти ҳастаии Эрон дар Вийен муҳлати ин гуфтугӯҳо то аввали июли соли 2015 тамдид шуд.
То поёни муҳлати тоза Эрон моҳона 700 миллиюн дулор аз пулҳои масдудшудаи худ аз фурӯши нафтро дарёфт хоҳад кард.
Ҷулӣ Бергер, хабарнигори рӯзномаи Гордияни Бритониё ба нақл аз як мақоми эронӣ (бидуни зикри номаш) твит кардааст, ки рӯзи якшанбе тағйире дар раванд эҷод шуд, ки далели онро мақоми эронӣ намедонад.
Лурен Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса дар Вийен гуфт: "Тасмим гирифтем музокиротро барои даст ёфтан ба як тавофуқи муътабар тамдид кунем. Идаҳои тозае дар чанд рӯзи ахир матраҳ шуд, ки ниёз ба баррасии фаннии дақиқ дошт, чун ба масоили печида марбут мешуд ва бано бар ин ниёз ба вақт доштем, то ҳамаи чизро баррасӣ кунем."
Фронк Волтер Иштимойер, вазири умури хориҷаи Олмон гуфт: "Бо вуҷуди шароити хуб ва фазои созандае, ки бар музокирот ҳоким буд, натавонистем то онҷо ки умедвор будем, пеш биравем. Пешрафтҳое ба даст овардем ва идаҳои тозае матраҳ шуд, ки мумкин аст битавонад фосилаи мавҷудро аз миён бубарад. Аммо аз онҷо ки ин идаҳо ба ҷузъиёти фаннӣ марбут мешуд, ночор шудем бигӯем: идаҳои тоза ҳам бояд озмоиш шавад".
Амири Пойвар, хабарнигори мо дар Вийен мегӯяд, ки Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико дар ҳоли гуфтугӯ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон аст. Оқои Керрӣ қарор аст то дақоиқе дигар дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шавад.
Филип Ҳомунд, вазири умури хориҷаи Бритониё гуфтааст, ки дар даври ахири музокирот "пешрафти муҳиме" ба даст омада, ки боъис шуда ин музокирот арзиши тамдид шуданро пайдо кунад. Аммо ҷузъиёти ин "пешрафти муҳим" ифшо нашудааст.
Ҳамчунин мушаххас нест, ки даври баъдии музокирот дар чӣ маконе сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории Руйтерз аз гузориши маҳрамонаи Ожонси байналмилалии энержии атумӣ хабар дода, ки нишон медиҳад Эрони иқдомоти бештаре барои амал ба тавофуқи муваққати ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ анҷом додааст. Ин гузориш гуфтааст Эрон мутобиқи тавофуқи муваққати Женев захоири урониюми ғанишуда бо дарсади пойинро коҳиш додааст.
Қарор буд музокироти ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ пас аз ба даст омадани тавофуқоти Женев дар пойизи соли гузашта бо як тавофуқи комил миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон рӯзи 24 ноябр ба натиҷа бирасад.
Меҳвари асосии гуфтугӯҳо абъоди барномаи ғанисозии урониюм ва суръати лағви таҳримҳо алайҳи Эрон ва замони эътибори тавофуқот аст.
Мақомоти ғарбӣ гуфтаанд Эрон то кунун аз коҳиши шумори сонтрифюжҳо барои ғанисозии урониюм ба теъдоде, ки кишварҳои ғарбӣ таваққуъи онро доранд, худдорӣ кардааст.
Аз суи дигар мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро дар зиёдахоҳӣ дар музокирот муттаҳам кардаанд.
