Ҷон Керӣ дар бораи музокироти атумии Эрон: Ба тавофуқи сиёсӣ нарасем, идома намедиҳем
Image copyrightAFPҶон Керӣ, вазири умруи хориҷаи Омрико, мегӯяд, ки агар дар музокироти ҳастаии Эрон то авохири моҳи март (авоили фарвардин) тавофуқи куллӣ (сиёсӣ) ба даст наёяд, ин музокирот идома пайдо нахоҳад кард.
Оқои Керӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи Эн-би-си Омрико, ки рӯзи якшанбеи 8 феврал пахш шуд, гуфт: "Агар натавонем дар арзи ҳафтаҳои оянда тасмимҳои асосӣ бигирем, тамдиди музокирот воқеъан имконпазир нахоҳад буд.
Ишораи оқои Керӣ ба муҳлатест, ки барои расидан ба тавофуқи куллӣ миёни Эрон ва кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" дар музокироти ҳастаӣ дар назар гирифта шудааст.
Дар он замон ду тараф зарбулаҷале чаҳормоҳа (то 24 марти 2015 - 4 фарвардини 1394) барои расидан ба тавофуқи куллӣ таъйин карданд, то баъд аз он "дар сурати лузум аз бақияи замони боқимонда то охири жуан (10 тири 1394) барои ниҳоӣ кардани ҷузъиёти фаннӣ ва таҳияи пешнивиси (ниҳоӣ) истифода шавад.
Дар матни тавофуқе, кибаъд аз тамдиди музокирот аз сӯи Иттиҳодияи Урупо мунташир шуда, меъёри мушаххасе барои "тавофуқи куллӣ" ироа нашуда, аммо ба назар меояд манзур тавофуқ бар сари ихтилофоти асосӣ, монанди зарфияти ғанисозӣ ва замонбандии рафъи таҳримҳо бошад.
Мухолифати раҳбари Эрон бо тавофуқи думарҳилаӣ
Вазири хориҷаи Омрико бо ишора ба муҳлати таъйиншуда барои чунин тавофуқе ба Эрон ҳушдор дод, ки "ё тасмимҳои лозим барои исботи сулҳомез будани барномаи (ҳастаӣ)-ро мегиред ё агар қодир ба чунин коре нестед, худи ин амр баёнгари достонест, ки ҳеч кас тамоюле ба шунидани он надорад."
Таъкиди Ҷон Керӣ бар расидан ба тавофуқи куллӣ дар муҳлати таъйиншуда ва баъд аз он идомаи музокирот бар сари ҷузъиёт дар ҳоле сурат мегирад, ки раҳбари Эрон рӯзи якшанбе гуфт, ки тавофуқ дар мавриди куллиёт ва ҷузъиёт бояд ҳамзамон ба даст ояд.
Оятуллоҳ Хоминаӣ гуфт: "Ин ҳарфро, ки мегӯянд дар як бурҳа дар бораи усули куллӣ тавофуқ шавад ва баъд дар бораи ҷузъиёт, намеписандам. Бо таҷрубае, ки аз тарафи муқобил дорем, инро василае барои баҳонагириҳои пайдарпай дар ҷузъиёт хоҳанд кард."
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳам, ки дар ҳошияи кунферонси амниятии Муних бо Ҷон Керӣ, ҳамтои омрикоии худ, дидор карда, гуфт ки тамдиди дубораи муҳлати гуфтугӯҳо ба нафъи ҳеч як аз тарафайн нест ва афзуд дар сурати адами ҳусули тавофуқ миёни ду тараф "дунё ба охир намерасад."
