Дархости раиси ҷумҳурии Эрон барои баргузории ҳамапурсӣ
Image copyrightTASNIMРаиси ҷумҳурии Эрон хостори иҷрои асле аз қонуни асосӣ шудааст, ки бар баргузории ҳамапурсӣ дар масоили муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъкид дорад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, ки дар ҳамоиши иқтисоди Эрон сухан мегуфт, таъкид кард: "Барои як бор ҳам ки шуда, дар бораи масаълаи бисёр муҳим, ки мумкин аст ихтилофӣ ҳам бошад...(масъалае), ки барои ҳама аҳамият дорад ва дар зиндагии ҳама таъсиргузор аст, назари мустақими мардум пурсида шавад."
Ба гуфтаи раиси ҷумҳирии Эрон бар асоси қонуни асосӣ масоили муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҷои ин ки дар маҷлис тасвиб шавад, бояд мустақим ба орои умумӣ ва ҳамапурсӣ гузошта шавад, аммо он тавр ки оқои Рӯҳонӣ гуфта, "акнун 36 сол гузашта ва як бор ҳам ин асли қонуни асосӣ иҷро ва амал нашудааст."
Оқои Рӯҳонӣ ишора накард ки аз назари ӯ чӣ масаълаи муҳимме бояд ба ҳамапурсӣ гузошта шавад, аммо тавзеҳ дод ки бояд барои муддате бештар ба иқтисод таваҷҷуҳ кард ва афзуд иқтисоди Эрон бештар сиёсӣ аст ва бо сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ дар ҳам танидааст.
Пардохти ёрона ва парвандаи ҳастаӣ, ду таҳаввули муноқишабарангези солҳои гузашта, аз мавзуъоте буда, ки мақомҳо ва чеҳраҳои сиёсии Эрон хостори баргузории ҳамапурсӣ дар бораи онҳо шуда буданд. Панҷ сол пеш Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии вақт хостори баргузории реферондум дар бораи ёронаҳо шуд. Ҷамъе аз чеҳраҳои сиёсии Эрон аз ҷумла Мирҳусайни Мусавӣ, охирин нахуствазири Эрон ва аз сарони мухолифи натиҷаи интихоботи соли 1388 ҳам хостори баргузории реферондум дар бораи сиёсати хориҷӣ ва парвандаи ҳастаии Эрон шуда буданд.
Фарвардини 1358 дар аввалин ҳамапурсии Ҷумҳурии исломии Эрон, низоми ҷумҳурии исломӣ ба ҳамапурсӣ гузошта шуд. Баъд аз он ду мартаба дар солҳои 1358 ва 1368 қонуни асосӣ ва бознигарии он ба раъйи умумӣ гузошта шудааст.
"Ормони мо ба сентрифюж васл нест"
Оқои Рӯҳонӣ дар ҳамоиши "Иқтисоди Эрон, роҳкорҳои дастёбӣ ба рушди пойдор" дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон гуфт: "Кишвар бо инзиво наметавонад рушди мустамар дошта бошад."
Ӯ аз "усул ва ормонҳо" дифоъ карда, аммо дар айни ҳол гуфтааст, ки "магар касе дар мизи музокира бар сари усул ва ормонҳо баҳс мекунад? Як идда дар таваҳҳумот зиндагӣ мекунанд. Дунёи имрӯз баҳси манофеъ аст."
Ба гуфтаи оқои Рӯҳонӣ дар сиёсати хориҷӣ дар бораи усул ва ормонҳо баҳс намешавад, балки манофеъи ду тараф матраҳ аст.
Раиси ҷумҳурии Эрон мегӯяд: "Ормони мо ба сентрифюж васл нест, балки ормон ба мағз ва қалб ва иродаи мо васл аст."
Ӯ тасреҳ кардааст: "Дар тавофуқи Женев бахше аз таҳримҳо дар ҳавзаи худрав, петрушимӣ ва киштиронӣ бартараф шуд ва бахше аз амволи блукашуда озод шуд, ки дар муқобил мо шафофияти бештаре нишон диҳем ва бигӯем фалон навъи ғанисозӣ, ки дар ҳоли ҳозир ба он ниёз надорем, барои муддате мутаваққиф мешавад. Оё ин кор ба маънои зери савол рафтани ормонҳо ва усули мост?"
"Фарори баъзе ниҳодҳо аз молиёт"
Ҳасани Рӯҳонӣ дар бахши дигаре аз суханонаш аз иқтисоди ронтӣ ва инҳисорӣ дар Эрон интиқод карда ва гуфтааст: "Намешавад як ниҳод кори иқтисодӣ бикунад ва молиёт надиҳад, аммо то мегӯем фалон ниҳод бояд молиёт бидиҳад, бисоте дуруст мешавад, ки мебинед."
Ӯ таъкид кард: "Ин давлат чизе, ки бидонад ва бифаҳмад масолеҳи мардум аст, бидуни воҳима аз ҳеч кас ва ҳеч ниҳод, эълом хоҳад кард ва ба мардум хоҳад гуфт ва агар лозим бошад лоиҳаи лозимро тақдими маҷлиси Шурои исломӣ хоҳад кард, аммо бидонед бархе умури сиёсати дохилиаш бисёр бисёр қавӣ аст, беш аз он чӣ фикр мекунед қавӣ аст."
