Шурӯъи муҷаддади амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани ҳавопаймои AirAsia
Image copyrightReutersЯк амалиёти ҷустуҷӯии густарда бо ширкати даҳҳо киштӣ ва чархболу ҳавопаймо барои ёфтани ҳавопаймои хутути ҳавоии Эйросиё, ки субҳи якшанбе бар фарози дарёи Ҷово нопадид шуд, шурӯъ шудааст.
Бомбонг Сулистиу, мудири созмони ҷустуҷӯ ва имдоди Молезӣ ва Ҷокорто гуфт бар асоси аввалин тахминҳо аз мутахассисони ҷуғрофиёӣ тасаввур бар ин аст, ки ҳавопаймо акнун дар қаъри дарё бошад."
Бо ин ҳол, мақомҳо мегӯянд, ки то ин лаҳза ҳанӯз ҳеҷ асаре аз ин ҳавопаймо, ки бо 162 мусофир аз Индунезӣ ба Сингопур мерафт, пайдо нашуда ва ҳавопаймо пеш аз ҳодиса вазъияти изтирорӣ эълом накарда буд.
Парвози шумораи QZ8501-и хутути ҳавоии Эйросиё бо ҳавопаймои А200-320, як соъат пас аз бархостан дар соъати 6:24 ба вақти маҳаллӣ аз сафҳаи родорҳо нопадид шуд.
Дар замони ҳодиса ҳавои бад дар ноҳия гузориш шуд ва халабон ба ҳамин далел хостори тағйири масир шуда буд, аммо ба гуфтаи мақомҳо занги хатар аз сӯйи ҳавопаймо ба садо дарнаёмада буд.
Тунӣ Фернондез, раиси ширкати ҳавоии Эйросиё, мегӯяд, ки нопадид шудани ҳавопаймои ин ширкат ӯро "дарҳамшикаста" аст.
Амалиёти ҷустуҷӯ бо торик шудани ҳаво мутаваққиф шуд, аммо акнун аз соъати 23:00-и якшанбешаб ба вақти Гринвич аз сар гирифта шуд.
Ҳавопаймои Суробоё дар шарқи Ҷоворо дар соъати 5:35 тарк карда буд ва қарор буд ҳудуди се соъат баъд дар Сингопур бинишинад.
Бастагони мусофирон дар буҳту андӯҳ дар ҳар ду фурудгоҳ дар Сингопур ва Суробоё ҷамъ шудаанд.
