Пешравии пайкорҷӯёни Доъиш дар устони Анбор дар Ироқ

  • 14 Декабр, 2014
Image copyright
Image caption Доъиш ҳудуди як сеюм аз хоки Ироқ ва Сурияро ишғол карда ва дар он "хилофати исломӣ" эълом кардааст

Пайкорҷӯёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) ба пешрафтҳои бештаре дар устони Анбор воқеъ дар ғарби Ироқ даст ёфтаанд.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ дар пайи даргириҳои шадид пайкорҷӯёни Доъиш тавонистаанд нерӯҳои амниятии Ироқ ва ҷангҷуёни қабоили маҳаллиро ба ақаб ронда ва худ кунтрули деҳкадаҳои бештареро дар навоҳии минтақаи "Албағдодия" ба даст бигиранд.

Бар асоси гузориши манобеъи низомӣ дар устони Анбор, дар ҳоли ҳозири пойгоҳи ҳавоии "Аласад", ки дар кунтрули давлат қарор дорад, дар маърази таҳдиди пайкорҷӯёни Доъиш қарор дорад.

Рӯзи гузашта ҳам мақомоти ироқӣ аз сарнагун шудани як ҳеликуптери низомӣ дар Сомиро тавассути гурӯҳи Доъиш хабар доданд. Дар ин ҳамла ду халабони ҳеликуптер кушта шуданд.

Доъиш ҳудуди як сеюм аз хоки Ироқ ва Сурияро ишғол карда ва дар он "хилофати исломӣ" эълом кардааст.

Матолиби муртабит