Кохи Сафед видиюи сар буридани имдодгари омрикоиро таъйид кард
Image copyrightAFPБорок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико бо тъйиди марги Абдурраҳмон Косиг, имдодгари шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, ки дар асорати Доъиш буд, сар буридани ӯро “палидии маҳз”хонд.
Оқои Убомо рӯзи якшанбеи 16 ноябр зимни ибрози ҳамдардӣ бо аъзои хонаводаи оқои Косиг гуфт: “(Ӯро) касоне ки дунё бадурустӣ “Ғайриинсон” хитоб мекунад, он ҳам бо амале, ки бағоят аҳриманӣ аст, аз мо гирифтанд.”
Саҳнаи марги оқои Косиг ва чанд сарбози сурӣ дар видиюе, ки батозагӣ гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) мунташир карда, дида мешавад.
Дар ин видию шибҳнизомиёни Доъиш сари буридаи имдодгари омрикоӣ ва 19 нафари дигарро нишон медиҳанд, ки ба гуфтаи онҳо афсарон ва халабонони сурӣ ҳастанд.
Питер Косиг, гаравгони омрикоӣ, ки ба Абдурраҳмон Косиг тағйири ном дод, имдодгаре буд, ки тавассути пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) дар Сурия рабуда шуда буд.
Абдураҳмони 26-сола, пеш аз ба асорат даромадан дар марзи Сурия ва Туркия машғули кор буд.
Ҳудуди як моҳ пеш ҳам Доъиш видиюи сар буридани Олан Ҳенинг имдодгари бритониёиро мунташир кард ва дар интиҳои он таҳдид кард, ки оқои Косигро ҳам хоҳад кушт.
Волидайни оқои Косиг, ки сокини Индиёнои Омрико ҳастанд, чанде пеш бахшҳое аз номаи писарашро мунташир карданд, ки дар он аз сахтиҳои гаравгон будан навишта буд.
Бо кушта шудани Абдурраҳмон Косиг шумори шаҳрвандони ғарбӣ, ки Доъиш сар буридааст ба 5 нафар расид.
