Қирғизистон: 'Давлатҳои минтақа тавони муқобала бо Доъишро надоранд'
Image copyrightBBC World ServiceШуморе аз сиёсатшиносони қирғиз дар ҳамоише дар робита ба таҳдидҳои Доъиш дар Осиёи Миёна ҳушдор додаанд, ки бидуни кумаки ҷомеъаи маданӣ, давлатҳои минтақа дар баробари ифротгароён суқут хоҳанд кард.
Коршиносони қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба раванди пайвастани ҷавонон аз Осиёи Миёна ба суфуфи пайкорҷӯёни Доъиш (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) мизи гирде бо номи “Доъиш ба ҳамла гузашт. Қирғизистонро чӣ тавр эмин нигоҳ дорем?" баргузор кардаанд.
Дар ин ҳамоиш ҷомеъашиносон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, пажуҳишгарони адён, рӯҳониён ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат кардаанд.
Ба дунболи баҳсҳои ин мизи гирд пешниҳод шуда, ки ҷомеъаи маданӣ ва рӯзноманигорон бояд фазои муштараке эҷод кунанд, ки дар он вазъи нигаронкунандаи минтақаи Осиёи Миёна пайваста баррасӣ шавад.
Александр Зеличенко, сарҳанги мустаъфии пулис, гуфта, ки бидуни кумаки ҷомеъаи маданӣ ба мақомот ва ниҳодҳои қудратӣ, давлатҳои ин минтақа (Осиёи Миёна) дар баробари ифротгароён суқут хоҳанд кард.
Дар ин нишасти мизи гирд ин суол матраҳ шуда, ки бо вуҷуди дур будани Ироқ ва Сурия ва Доъиш, оё кишварҳои Осиёи Миёна набояд эҳсоси хатар кунад ва дар сурати мусбат будани ин посух, чӣ бояд кард?
Ба эътиқоди Токон Мамитов, як мақоми интизомии Қирғизистон, ҳаракатҳое ба мисли Доъиш "танҳо дар фазои ҳарҷу марҷ тавлид мешаванд ва нерӯ мегиранд ва ба артишҳои бузург табдил меёбанд, ки метавонанд ҳар режимеро аз байн бубаранд."
Вай афзудааст, ки батанҳоӣ Қирғизистон наметавонад дар баробари ин гуна таҳдидҳо истодагӣ кунад: "Хатари оғози Ҷанги Севуми Ҷаҳонӣ вуҷуд дорад ва танҳо тавассути талошҳои муштарак бо кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бояд баррасӣ ва тасмим бигирем, ки чӣ бояд кард."
Дар ин ҳамоиш таъкид шуда, ки интернет василаи хеле содаи тавзеъи иттилоъот ва истихдоми нерӯи тоза барои Доъиш шудааст ва идеҳои ифротгороёнаи Доъиш басуръат дар Қирғизистон мунташир мешавад.
Қодир Маликов, ҳуқуқдон ва фиқҳшинос, гуфтааст: “Мо тафсири нави шариъатро, ки онро ба сурати дағал нақз мекунад, мушоҳида мекунем. Ҳатто Алқоъида ба навъе қоъидаҳои ҷиҳодро риъоят мекард...”
Аммо вай меафзод: "Намояндагони ин гурӯҳ (Доъиш) вонамуд мекунанд, ки ба дунболи ҳалли бархе аз мушкилоти иҷтимоъӣ ҳастанд ва ин метавонад тарафдор ҷалб кунад. Идеи онҳо маъмулан дар миёни ҷавонони мунтақид, ки аз арзишҳои демукротик, меъёрҳои дугонаи равобити байналмилалӣ, фасоди давлатӣ ва беъадолатии иҷтимоъӣ ноумед шудаанд, тарафдор пайдо мекунад."
Иқбол Мирсаидов, як корманди амниятӣ дар бахши дин, гуфтааст, ки Доъиш дар даъватҳои интернетии худ аз нақли қавлҳое истифода мекунад, ки гӯё паёмбар гуфтааст ва ҷавонон бовар мекунанд. Гузориш шудааст, ки дар миёни шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба суфуфи Доъиш пайвастаанд, занон низ ҳастанд.
Аксари ширкаткунандагони ин нишаст ба ин бовар будаанд, ки қирғизҳо ба хотири он ба суфуфи исломгароёни тундрав мепайванданд, ки дар ватани худ кор ва фурсатҳои шуғлӣ надоранд.
Кормандони амниятии Қирғизистон гуфтаанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба Сурия ва Ироқ аз тариқи Русия, Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон раҳсипор мешаванд ва тибқи бархе иттилоъот дар онҷо як ҳазор дулор моҳона мегиранд.
Мизи гирд дар мавзӯъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ва мубориза бо Доъиш дар Осиёи Миёна дар ҳоле дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, баргузор шуд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои мустақилли ҳамсуд дар Минск пешниҳод кард, ки нерӯҳои вижаи кишварҳои мустақилли ҳамсуд бояд фаъъолиятҳои худро ба сурати фаврӣ дар муқобала бо Доъиш ҳамоҳанг кунанд.
Ин дар ҳолест, ки вазири кишвари Тоҷикистон низ дар авоили моҳи ҷорӣ ба нашрияи давлатии ин кишвар гуфт, ки то ҳол дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 200 табаъаи тоҷик ширкат карда ва аз ин теъдод ҳудуди 50 нафар кушта шудаанд. Ҳарчанд манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, беш аз 800 нафар мехонанд.
