'Нафароти гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Афғонистон ҳузур надоранд'
Image copyrightAPЯк фармондеҳи аршади омрикоӣ дар Афғонистон ҳузури шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ, Доъиш, дар ин кишварро қобили таъйид надонистааст.
Женероли омрикоӣ Ҷон Кампел, фармондеҳи кулли нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон, дар нахустин мусоҳибаи худ аз замони тасаддии ин симат дар моҳи гузашта гуфтааст, ки "иттилоъоти муътабаре " дар даст нест, ки нишон диҳад нафароти Давлати Исломӣ дар Афғонистон низ фаъъолият доранд.
Ҳафтаи гузашта даргирии сангине дар Ғазнӣ, воқеъ дар ҷануби Кобул, рӯй дод ва дар пайи он гузоришҳое интишор ёфт ҳокӣ аз ин ки шабакаи низомиёни мусаллаҳ, гурӯҳе аз ғайринизомиёнро гардан задаанд
Дар моҳҳои ахир гардан задани афрод бо гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия муртабит будааст. Дар чанд маврид ин гурӯҳ аз буридани сари атбоъи хориҷӣ филми видиюӣ ҳам таҳия ва онро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир кардаанд.
Женерол Кампел гуфтааст, ки гузоришҳои марбут ба гардан задан ва сар буридан дар Ғазнӣ "муболиғаомез" будааст.
Вай дар айни ҳол таъкид дошта, ки дастгоҳҳои иттилоъотӣ ва амниятӣ муроқиби авзоъ дар Афғонистон буда ва дар мавриди нуфузи Доъиш дар ин кишвар комилан ҳушёр ҳастанд.
Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ дар Кобул, ин фармондеҳи омрикоӣ аз оғози зимомдории раиси ҷумҳури ҷадиди Афғонистон ва иқдоми сареъи ӯ дар имзои паймони амниятии байни ин кишвар бо Омрико ва Ноту низ ибрози хурсандӣ кардааст.
Ҷон Кампел гуфтааст, ки имзои ин паймон боъис мешавад, ки шуморе аз низомиёни хориҷӣ дар соли оянда низ дар Афғонистон бошанд ва нерӯҳои амниятии ин кишвар дар ҳифзи амнияти мардум кумак кунанд.
Бо ҳаллу фасли ихтилофи интихоботӣ дар Афғонистон, рӯзи душанбеи ин ҳафта маросими таҳлифи Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Афғонистон, баргузор шуд.
Ба гуфтаи ин фармондеҳи омрикоӣ, то пеш аз оғоз ба кори раиси ҷумҳурии ҷадид, низомиёни афғон гӯйӣ "бо дастҳои баста" алайҳи шӯришиёни мусаллаҳ меҷангиданд. Вай афзудааст: "Дар ҳоли ҳозир онон як раиси ҷумҳурии ҷадид ва як истротежии рӯшан алайҳи Толибон доранд."
Гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ як гурӯҳи тундрави ҷиҳодӣ аст, ки собиқаи фаъъолияти он бо асомӣ ва таҳти раҳбарии мухталиф ба ҳудуди соли 2000 бозмегардад. Ин гурӯҳ дар солҳои баъд бахусус пас аз суқути ҳукумати Саддом Ҳусейн дар Ироқ дар соли 2003 дар ҳамкорӣ ва гоҳ эътилоф бо гурӯҳҳо ва созмонҳои исломгарои дигар дар ин кишвар фаъъолият дошт.
Бо густариши ҷанги дохилӣ дар Сурия Доъиш вориди мубориза бо нерӯҳои давлатӣ ва ҳамчунин гурӯҳҳои мухталифи мухолифи давлат, чи исломгаро ва чи ғайри он шуд ва тавонист бахшҳое аз хоки Сурияро дар тасаллути худ бигирад. Доъиш сипас ба амалиёти заминӣ дар Ироқ мубодират кард ва бо ишғоли теъдоде русто ва шаҳр дар ин кишвар дар моҳи июни соли ҷорӣ эълом дошт, ки давлат ё хилофати исломиро дар сарзаминҳои таҳти тасаллути худ эҷрд кардааст.
Ин гурӯҳ замоне ба унвони шохае аз шабакаи Алқоъида ва таҳти ҳидояти маънавии ин шабака шинохта мешавад, аммо зоҳиран ихтилофи ақидатӣ байни ду тараф боъиси ҷудоии он аз Алқоъида шудааст.
Ба гузориши манобеъи ғарбӣ шабакаи Алқоъида дорои марокизе дар Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон аст ва байни ин шабака ва гурӯҳи Толибони Афғонистон ва Толибони покистонӣ иртиботи наздик вуҷуд дорад, аммо дар мавриди иртиботи эҳтимолии байни ТОлибон ва Давлати Исломӣ иттилоъоте дар даст нест.
