Амалиёти интиҳории як зани курд дар миёни нерӯҳои Доъиш
Image copyrightEPAМанобеъи наздик ба мухолифони давлати Сурия мегӯянд як зани курди мудофеъи Кубонӣ бо мунфаҷир кардани худ дар миёни нерӯҳои гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломӣ" (Доъиш) талафотеро ба онҳо ворид кардааст.
Хабаргузориҳо ба нақл аз созмони назорат бар ҳуқуқи башар дар Сурия гузориш кардаанд, ки ин мудофеъи курд, амалиёти интиҳории худро дар наздикии як маҳалли истиқрори нерӯҳои Давлати Иисломӣ дар шарқи Кубонӣ анҷом додааст.
Ин созмон мегӯяд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба эҷоди талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои Доъиш мунҷар шуда, ҳарчанд мизони дақиқи талафот маълум нест.
Ин нахустин мавриди гузоришшуда аз анҷоми чунин амалиёте аз сӯйи як зани курд алайҳи пайкорҷӯёни Доъиш аст, ки худ собиқаи анҷоми амалиёти интиҳориро доранд.
Дар атрофи шаҳри курднишини Кубонӣ дар Сурия, ки дар муҳосираи пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ аст, набардҳои шадиде ҷараён дорад ва нерӯҳои курд саъй дар хунсо кардани ҳамалоти ин гурӯҳ доранд.
Хабарнигорони Би-би-сӣ, ки дар минтақа ҳузур доранд, мегӯянд, ки имрӯз садои инфиҷор ва рагбори гулӯлаи бевақфа ба гӯш мерасад ва бар фарози минтақаи шарқии шаҳр сутуне аз дуд дида мешавад.
Ба гуфтаи ин хабарнигорон, даргириҳои дирӯз шадидтарин даргирӣ дар ҳафтаи ҷорӣ будааст.
Шибҳнизомиёни Доъиш аз се ҳафта пеш Кубонӣ дар наздикии марзии Туркияро ба муҳосира дароварданд ва шаҳрро бо тонку тӯпхона зери оташ гирифтаанд.
Аъзои мусаллаҳи Доъиш дар рӯзҳои ахир ҳамалоти худро барои ишғоли ин шаҳр шиддат бахшидаанд.
Онҳо шанбе муваффақ шуданд теппае мушарраф ба шаҳрро ба кунтрули худ дароваранд.
Дирӯз гуфта шуд пайкорҷӯёни Доъиш вориди шаҳр шудаанд, аммо ин мавзӯъро манобеъи мувассақ таъйид накардаанд.
Ба гуфтаи як мақоми маҳаллии курди Сурия , пайкорҷӯёни Доъиш ба яккилуметрии шаҳр расидаанд ва ҳамалоти ҳавоии Омрико барои муҳофизат аз шаҳр кофӣ нест.
