Убомо: Доъиш дар Сурия ҳам таъқиб хоҳад шуд

  • 11 Сентябр, 2014
УбомоImage copyrightGetty
Image caption Убомо мегӯяд, ки Доъиш таҳдид алайҳи Омрикост

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар нутқе истротежии ин кишвар барои шикаст додани гурӯҳи исломгарои Доъиш дар Ироқу Сурияро эълом кардааст.

Ӯ дар ин нуқт, ки аз телевизиюнҳои саросарӣ пахш шуд, гуфт, ки дар анҷоми амалиёт алайҳи гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар дохили Сурия илова бар Ироқ диранг нахоҳад кард.

Ӯ Доъишро таҳдиде барои Омрико тавсиф кард: "Агар касе Омрикоро таҳдид кунад, ҷойи амне нахоҳад ёфт."

Ӯ ҳамчунин эълом кард, ки 475 хадамаи низомии Омрико ба Ироқ эъзом хоҳанд шуд, аммо мустақиман амалиёти размӣ анҷом нахоҳанд дод.

Ӯ суханронияшро бо ёдоварии ин мавзӯъ шурӯъ кард, ки нерӯҳои омрикоӣ Усома бин Лодин ва бештари соири раҳбарони Алқоъидаро дар Афғонистону Покистон куштаанд.

Убомо гуфт, ки Доъиш як гурӯҳи "исломӣ" нест, зеро "ҳеч мазҳабе куштори афроди бегуноҳро раво намедорад" ва ишора кард, ки дарвоқеъ "аксарияти бузурги" қурбониёни Доъиш мусалмонон будаанд.

Ӯ гуфт: "Метавонам эълом кунам, ки Омрико ҳидояти як эътилофи густарда барои ақаб рондани ин таҳдиди теруристиро ба уҳда хоҳад гирифт."

Ӯ изофа кард: "Ибтидо як амалиёти системотик аз ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи ин теруристҳо анҷом хоҳем дод."

Раиси ҷумҳури Омрико гуфт, ки Омрико ҳимоят аз "нерӯҳоеро, ки дар корзори набард бо ин теруристҳо меҷанганд, афзоиш хоҳад дод."

Ӯ аз Кунгреи Омрико хост "ихтиёрот ва манобеъи лозими дигар барои омӯзиш ва таҷҳизи" ҷангҷӯёни мухолиф дар Сурияро фароҳам кунад.

Оқои Убомо аз ҷумла ишора кард, ки лозим аст ҷараёни ҷангҷӯёни хориҷӣ аз берун ба Ховари Миёна ва ҳамчунин аз Ховари Миёна ба ҷаҳони берун мутаваққиф шавад, ҷараёне, ки ба гуфтаи ӯ, шомили баъзе шаҳрвандони омрикоӣ ҳам ҳаст.

Яке аз аносири аслии истротежии оқои Убомо тақвияти мухолифон дар Сурия ба унвони роҳе барои муқобала бо Доъиш аст ва ӯ гуфт, ки ҳамзамон бояд дар ҷустуҷӯи як роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Сурия буд.

Ӯ ҳамчунин ҳамкорӣ бо давлати Сурияро рад кард: "Дар набард алайҳи Доъиш наметавонем бар режими Асад, ки мардуми худашро терур мекунад, такя кунем, режиме, ки ҳаргиз машрӯъиятро бознахоҳад ёфт."

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико ҳамакнун барои эҷоди эътилофе алайҳи Доъиш дар Ховари Миёна ба сар мебарад ва муттаҳидони оқои Убомо барои ҷалби ҳимоят аз ин амалиёт дар Кунгре мекӯшанд.

Доъиш дар пайи пешравиҳои сареъ дар тобистон бахшҳои васеъе аз Сурия ва Ироқро кунтрул мекунад.

Ин гурӯҳи ҷиҳодӣ акнун амалан аз шаҳри Раққаи Сурия ин манотиқро идора мекунад.

Image copyrightna
Image caption Нерӯҳои Доъиш дар шаҳри Мавсили Ироқ пас аз гирифтани як василаи нақлияи давлатӣ - торихи акс номаълум

Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба хотири рафтори бераҳмона, сар буридани сарбозони душман ва хабарнигорони ғарбӣ дар баробари дурбин машҳуранд.

Артиши Омрико даҳҳо ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ алайҳи Доъиш ва ба нафъи нерӯҳои давлатӣ анҷом додааст.

Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт: "Мо дар ҳамкорӣ бо давлати Ироқ талошҳоямонро аз амалиёти ҳифозат аз ғайринизомиён ва амалиёти инсондӯстона фаротар хоҳем бурд, то Доъишро ҳамзамон бо амалиёти таҳоҷумии нерӯҳои ироқӣ ҳадаф бигирем."

Оқои Убомо қаблан 25 милюн дулор кумаки низомӣ барои артиши Ироқро тасвиб кардааст.

Раиси ҷумҳурии Омрико дар се солу ними гузашта аз шӯришиёни миёнарав, ки бо давлати Сурия меҷанганд, ҳимоят кардааст. Тарҳи ӯ барои таъмини молӣ ва омӯзиши низомии ҳамон шӯришиён барои набард бо Доъиш эҳтимолан боъиси хашми Сурия хоҳад шуд.

Маълум нест Омрико бо чи навъ тавҷеҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ метавонад бидуни муҷаввизи давлат дар дохили Сурия ҳамлаи ҳавоӣ анҷом диҳад.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки аксарияти омрикоиҳо аз навъе амалиёт алайҳи Доъиш ҳимоят мекунанд.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, пештар дар рӯзи чаҳоршанбе ба Ироқ сафар кард ва дар он ҷо зимни дидор бо Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазир, аз ташкили давлати тозаи Ироқ, ки саъй дар тақсими қудрат миёни шиъа, суннӣ ва курд дорад, ситоиш кард.

Бисёре аз сунниҳое, ки эҳсос мекунанд аз сӯйи Бағдод ба ҳошия ронда шудаанд, аз гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҳимоят мекунанд.

Оқои Керӣ гуфт, ки давлати тоза бояд "мутури" набарди ҷаҳонӣ бо Доъиш бошад.

Лурон Фобиюс, вазири хориҷаи Фаронса, пештар гуфт, ки давлаташ дар ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи Доъиш нақш ифо хоҳад кард.

Оқои Убомо низ пештар дар рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин бо Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, телефунӣ суҳбат кард.

Пас аз ин тамоси телефунӣ "Ню-Юрк Тоймз" ба нақл аз мақомҳои Кохи Сафед гузориш дод, ки Арабистони Саъудӣ ишора карда, ки бо дархости Омрико барои таъмини пойгоҳҳое барои омӯзиши мухолифони миёнарави Сурия мувофиқат мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҷалби ҳимояти Арабистони Саъудӣ, ки аз гурӯҳҳои суннӣ дар саросари Ховари Миёна ҳимоят мекунад, барои мубориза бо Доъиш зарурӣ аст.

Матолиби муртабит