Боздошти даҳ сокини Суғд 'барои қасди ширкат' дар ҷангҳои Сурия
Image copyrightKubane SyriaМанобеъи Додситонии вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, аз боздошти 10 сокини ин вилоят ба занни талоши сафар ба Сурия ва пайвастан ба суфуфи гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломӣ" хабар додаанд.
Хабаргузории маҳаллии "ASIA-Plus" аз қавли манобеъи додситонӣ оварда, ки нуҳ нафар аз ин афрод сокинони ноҳияи Спитамен ва як нафари дигар сокини ноҳияи Панҷакент ҳастанд. Гуфта мешавад бархе аз ин афрод бо ҳамдигар пайванди хешовандӣ доранд.
Гуфта мешавад ду нафар аз ин афрод рӯзи 26 сентябр ба ҳангоме ки қасд доштаанд ба манзури пайвастан ба суфуфи низомиёни "Давлати Исломӣ" ба Сурия сафар кунанд, боздошт шудаанд. Афроди дигар дар пайи шаҳодати ин ду нафар боздошт шуда ва акнун дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ба сар мебаранд.
Манобеъи додситонии вилояти Суғд ба расонаҳо гуфтаанд, ки ин афродро Мансур Бобоёров ва Элдар Ҳотамов, сокинони шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Спитамен, ба ин сафар ҷалб кардаанд.
Маъмурони додситонӣ алайҳи ин афрод ба иттиҳоми созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ ва ҷалби афрод барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Таҳқиқоти ин қазия ҳамчунон идома дорад.
Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, ин афрод қасд доштаанд аввал дар суфуфи "Давлати Исломӣ" дар Сурия биҷанганд ва сипас ончиро ки онҳо "ҷиҳод" мехонанд, дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, идома диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбе ба нашрияи "Тоҷикистон" гуфта, ки то ҳол дар ҷангҳои Сурия ҳудуди 200 табаъаи тоҷик ширкат карда ва аз ин теъдод ҳудуди 50 нафар кушта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, беш аз 800 нафар мехонанд.
