Порлумони Туркия мушорикат дар ҷанг дар Сурия ва Ироқро баррасӣ мекунад
Image copyrightEPAПорлумони Туркия имкони мушорикат дар амалиёти низомӣ алайҳи Доъиш, аз ҷумла эъзоми нерӯ ба Ироқ ва Сурияро баррасӣ мекунад.
Рӯзи чаҳоршанбе 9 меҳр (1 октябр) Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ҷадиди Туркия давраи ҷадиди маҷлиси Кабири миллӣ - порлумони Туркияро ифтитоҳ мекунад ва лоиҳаи эътои муҷаввиз ба давлат барои ширкат дар ҷанг алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ - Доъиш - дар дастури кори маҷлис қарор дорад.
Лоиҳаи пешниҳодии давлат хостори дарёфти муҷаввиз аз порлумон аст то "дар сурати лузум нерӯҳои мусаллаҳи Туркия барои анҷоми амалиёт ва мудохилаи низомии бурунмарзӣ эъзом ва ба нерӯҳои низомии хориҷӣ ҳам ба ҳамин манзур иҷозаи истиқрор дар хоки Туркия дода шавад."
Бо таваҷҷуҳ ба аксарияти қотеъи ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа дар порлумон баъид аст, ки ин лоиҳа ба тасвиб нарасад. Ба ин тартиб имкони мушорикати Туркия дар амалиёти низомӣ алайҳи Доъиш фароҳам хоҳад омад.
Пешравии нерӯҳои Доъиш дар манотиқи курднишини Сурия воқеъ дар наздикии марзи Туркия ва наздик шудани ҷабҳаи ҷанг ба марзи ду кишвар зоҳиран боъиси афзоиши фишор бар давлат ҷиҳати бар ӯҳда гирифтани нақше муҳимтар дар мубориза бо нерӯҳои давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқ шудааст.
Ҷанг дар наздикии марзи ду кишвар ҳамчунин ҳазорон овораи ҷангиро роҳии Туркия карда ба наҳве, ки Давлати Туркия дастур додааст марз ба рӯйи паноҳҷӯён баста шавад. Ақаб рондани нерӯҳои Давлати исломӣ ва истиқрори амният дар ин минтақа шароити бозгашти оворагон ба муваттани худро фароҳам хоҳад овард. Туркия дар ҳоли ҳозир мизбони чандсад ҳазор паноҳандаи ҷанги дохилии Сурия аст.
Ба гузориши хабаргузории Руйтерз мадфани Сулаймоншоҳ, ҷади аълои салотини усмонӣ ҳам дар хоки Сурия воқеъ аст. Дар соли 1921 муъоҳидаи байни Давлати Туркия ва Фаронса, ки дар он замон идораи умури Сурияро дар даст дошт, имзо шуд, ки бар асоси он низомиёни Туркия аз ин бано муҳофизат мекунанд. Рӯзи гузашта муъовини нахуствазири Туркия гуфт, ки нерӯҳои Давлати исломӣ ба оромгоҳи Сулаймоншоҳ наздик мешаванд.
Тасвиби лоиҳаи пешниҳодии давлат роҳро барои мушорикати артиши Туркия дар амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ дар дохили хоки Сурия ҳамвор месозад.
Туркия аз аъзои Созмони паймони Отлонтики Шимолӣ - НОТУ – аст, вале то кунун аз мушорикати мустақим дар амалиёти эътилоф ба раҳбарии Омрико алайҳи Доъиш худдорӣ варзидааст.
Нерӯҳои Доъиш пас аз ишғоли шаҳри Мусил дар Ироқ дар моҳи июн чиҳилу шаш тан аз диплумотҳо ва шаҳрвандони Туркия мустақар дар ин шаҳрро гаравгон гирифтанд ва то ин авохир ононро дар ихтиёр доштанд. Бо таваҷҷуҳ ба рафтори хушунатомези Доъиш бо гаравгонҳои хориҷӣ яке аз далоили эҳтимолии икроҳи Туркия аз рӯдаррӯии мустақим бо нерӯҳои Давлати исломӣ нигаронӣ дар мавриди амнияти ин гаравгонҳо будааст.
Аз замони озодии ин гаравгонҳо изҳороти мақомоти Туркия дар мавриди Доъиш лаҳни тундтаре ёфтааст.
Ҳамчунин давлати исломгарои Туркия аз мухолифони ҷиддии ҳукумат ба раҳбарии алавиён дар Сурия аст ва ин имконро дар назар дошта, ки мубориза бо Доъиш мумкин аст боъиси тақвияти мавзеи артиши Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия шавад ё вазъияти курдҳоро, ки барои чандин даҳа бо Давлати марказии Туркия дар ҷанг буданд, беҳбуд бахшад. Зоҳиран лузуми бархурд бо нерӯҳои Давлати исломӣ боъис шудааст, ин мулоҳизот нодида гирифта шавад.
Дар сурати тасвиби лоиҳаи пешниҳодии Давлати Туркия нерӯҳои омрикоии мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик дар Туркия, воқеъ дар наздикии марз бо Сурия, ҳам метавонанд аз ин пойгоҳ барои ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи Доъиш дар дохили хоки Сурия истифода кунанд.
