Туркия дубора марзҳои Сурияро мебандад
Image copyrightREUTERSБаъд аз вуруди ҳудуди 130 ҳазор курди Сурия, ки аз ҳамлаи нерӯҳои мавсум ба Давлати Исломӣ мегурехтанд, Туркия имрӯз бештари нуқоти марзӣ бо Сурияро баст.
Созмони Милал мегӯяд ин бештарин теъдоди оворагоне аст, ки дар як давраи кӯтоҳ аз Сурия фирор кардаанд.
Дар ду рӯзи гузашта курдҳои Сурия, ки аз шаҳри Кубонӣ дар шимоли Сурия мегурехтанд, аз марзҳои ҷануби шарқӣ вориди хоки Туркия шуданд.
Бисёре аз онҳо дар мадрасаҳои пуриздиҳом паноҳ гирифтаанд.
Дар ҳоли ҳозир аз 9 нуқтаи марзӣ фақат ду минтақаи убур барои курдҳои Сурия боз мондааст.
"Омодаи паноҳҷӯёни бештар ҳастем"
Муъовини нахуствазири Туркия гуфта кишвараш омодаи "бадтарин сенорию" ва пазириши шумори бештаре аз оворагон аст.
Ҷуз курдҳои Сурия, беш аз як милюн паноҳҷӯйи сурӣ дар хоки Туркия ҳастанд, ки аз ҳамалоти Доъиш гурехтаанд.
Маркази шаҳри Айнулараб ё Кубонӣ то марзи Туркия камтар аз ду килуметр фосила дорад ва бидуни василаи нақлия бо пои пиёда метавонад дар муддати 20 дақиқа ба хоки Туркия расид.
Рӯзи гузашта пулиси Туркия бо курдҳое, ки мехостанд барои ҷанг бо Доъиш аз марзи Сурия бигузаранд, даргир шуд.
Пулис барои пароканда кардани курдҳо аз гози ашковар ва мошини обпош истифода кард.
Доъиш дар наздикии марзҳои Туркия
Мақомҳои сиёсии курд дар Туркия аз ҷавонон, бавижа курдҳои ҷануби шарқии ин кишвар хостаанд, ки барои кумак ба ҳамкешони худ ба Кубонӣ бираванд.
Гузориш шуда, ки нерӯҳои Давлати Исломӣ дар даҳ то понздаҳ килуметрии шаҳри Кубонӣ ҳастанд, ҳарчанд баъзе аз манобеъи нерӯҳои Доъиш мегӯянд шаҳри Кубониро тасарруф кардаанд.
Тасарруфи Кубонӣ боъис мешавад нерӯҳои Давлати Исломӣ кунтрули комили он минтақа аз Сурияро ба даст оваранд.
Фосилаи ками Кубонӣ ва нерӯҳои Доъиш бо хоки Туркия боъиси нигаронии мақомҳои ин кишвар шудааст.
Курдҳои Сурия аз рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта пушти марзҳои Туркия таҷаммуъ карда буданд ва дар рӯзи ҷумъа Туркия 30 килуметр марз бо Сурияро боз кард.
