Аввалин ҳамлаи ҳавоии Омрико алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо истротижии ҷадид
Image copyrightAFPАртиши Омрико пас аз иттихози истиротижии ҷадиди мубориза бо гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) нахустин ҳамалоти ҳавоии худ алайҳи мавозеъи ин гурӯҳро дар Ироқ анҷом додааст.
Ин ҳамалот дар наздикии Бағдод ва дар ҳимояти мустақим аз нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ анҷом шудааст.
Артиши Омрико мегӯяд, ки дар ҳамалоти рӯзи душанбе мавозеъи гурӯҳи Давлати исломиро дар наздикии Бағдод мунҳадим кардааст; мавозеъе ки нерӯҳои ин гурӯҳ аз онҷо нерӯҳои давлатии Ироқро зери оташ мегирифт.
Ин ҳамла панҷ рӯз баъд аз он анҷом шуд, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико барномаи ҷадиди худ барои "тазъиф ва дар ниҳоят нобудии" Давлати исломӣ эълом кард.
Ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ пеш аз ин танҳо бо ҳадафи дифоъ аз ғайринизомиён ё дифоъи мустақим аз нерӯҳои ироқӣ сурат гирифта буд, аммо аз ин пас ҳолати таҳоҷумӣ хоҳад дошт.
Омрико як эътилофи бузург аз кишварҳои мухталиф алайҳи гурӯҳи Доъиш ташкил додааст. Ин гурӯҳ бахшҳое аз Ироқ ва Сурияро дар кунтрул дорад ва дар он "хилофати исломӣ" эълом кардааст.
Маркази фармондиҳии Омрико гуфт: "Ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷануби ғарбии Бағдод аввалин ҳамла аз навъи худ дар чаҳорчӯби кӯшишҳои густардатари мо барои ҳифозат аз мардуми худамон ва маъмуриятҳои инсондӯстона барои зарба задан ба нерӯҳои Давлати исломӣ дар замоне аст, ки нерӯҳои ироқӣ ба онҳо ҳамла мекунанд, ҳамон тавр ки дар суханони раиси ҷумҳур дар рӯзи чаҳоршанбе ташреҳ шуд".
Омрико маҳали дақиқи ин ҳамларо мушаххас накарда, вале женерол Қосим Ато, сухангӯи нерӯҳои ироқӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки як ҳамла дар минтақаи Садр Алюсуфия дар 25 килуметрии Бағдод будааст.
Омрико ҳамчунин гуфта, ки дар ҳамлае дигар ба мавозеъи Давлати исломӣ дар рӯзи якшанбе дар наздикии шаҳри Синҷор шаш худрави ин гурӯҳ мунҳадим шудааст.
Аз моҳи августи гузашта ҳавопаймоҳои Омрико бештар аз 160 ҳамлаи ҳавоӣ дар Ироқ анҷом додаанд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар як суханронии ҳафтаи пеши худ як барномаи чаҳормоддаӣ алайҳи гурӯҳи Давлати исломиро бо истифода аз ҳамлаи ҳавоӣ ва ҳимоятҳои текникӣ ва моддӣ барои нерӯҳои заминӣ амалиёти зиди терруристӣ ва кумакҳои инсондӯстона ташреҳ кард.
Дар конфаронсе, ки рӯзи душанбе дар Порис баргузор шуд, сӣ кишвари ҷаҳон қавл доданд, ки "бо ҳар василаи мумкин" ба муқобала бо гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ кумак кунанд.
