Инфиҷори худрав ба кушта шудани 43 нафар дар марзи Сурия ва Туркия мунҷар шуд

  • 16 Май, 2014
Image copyrightna
Image caption Пештар инфиҷорҳои дигаре ҳам дар Бобулислом рӯй дода буд

Гузоириши фаъъолони сурӣ ҳокист, ки дастикам 43 нафар дар ҷараёни инфиҷори бумб дар як худрав дар наздикии марзи Сурия ва Туркия кушта шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, худраве пур аз маводди мунфаҷира дар муҳавватаи Кароҷ Саҷу мунфаҷир шуда, ки дар наздикии марзи Бобулислом дар шимоли устони Ҳалаб будааст.

Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё фаъъолият мекунанд,гузориш карда, ки панҷ зан ва се кӯдак дар миёни кушташудагони рӯзи панҷшанбе буданд.

Мудири ин гурӯҳ мегӯяд инфиҷор дар гороже рӯй дода, ки маҳалли рафту омади мусофирон ба дӯ сӯи марз будааст

Онҳо ҳанӯз иттилоъи дақиқе надоран, ки инфиҷор интиҳорӣ буда ё на.

Фармондори устони Килиси Туркия ба хабаргузории "Онотулий" гуфта, ки 28 нафар аз суриҳои маҷрӯҳ барои дармон ба Туркия мунтақил шудаанд ва ёздаҳ нафарашон баъдан даргузаштаанд.

Бобулислом марзест, ки бисёре аз суриҳо барои фирор аз ҷанги дохилии сесола аз он истифода мекунанд.

Беш аз 742 ҳазор нафар аз суриҳо дар Туркия ҳастанд, ки ба сурати расмӣ номашон дар дафотири Созмони Милал сабт шудааст.

Давлати Туркия дар даҳ устони худ 22 урдугоҳ барои паноҳҷӯёни сурӣ тадорук дидаанд, ки ҳудуди 220 ҳазор нафар паноҳҷӯён дар ин урдугоҳҳо сокин шудаанд.

Ҳамзамон дар Ландан вазири хориҷаи Туркия дар иҷлоси ёздаҳ кишваре, ки "Гурӯҳи дӯстони Сурия" номида мешавад, ширкат кард.

Дар ин иҷлос тасвиб шуд, то кумак ба мухолифони сурӣ ташдид шавад.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар ин иҷлос гуфт, ки барои "ҳар гуна кумаке" ба суриҳо омода аст, аммо дар бораи ин ки оё ба ҷангҷӯёни мухолифи давлати Сурия кумаки низомӣ мекунад ё на чизе нагуфт.

Оқои Керрӣ ҳамчунин аз хабарҳои таъйиднашудае гуфт, ки бар асоси онҳо давлати Сурия бо гози клур ба мухолифон ҳамла кардааст.

Матолиби муртабит