Ҳамлаи ҳавоӣ ба бозори Ҳалаб даҳҳо кушта барҷой гузошт

  • 2 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption ЮНИСЕФ бумборони як мадраса дар ҷануби Ҳалабро башиддат маҳкум кардааст

Фаъъолони ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯянд ҳамлаи ҳавоӣ ба як бозор дар минтақаи таҳти кунтрули мухолифони давлат дар шаҳри Ҳалаб 33 кушта бар ҷой гузоштааст.

Рӯзи гузашта ҳам ҳамлаи ҳавоm ба як мадраса дар ин шаҳр 18 нафар , аз ҷумла 10 кӯдакро кушт.

Нозири умури ҳуқуқи башар дар Сурия эълом карда ҳамлаи рӯзи панҷшанбе (1 май) дар ноҳияи пурҷамъияти Ҳалок, дар шимоли Ҳалаб рӯй додааст.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳам ҳамлаи ҷангандаи артиши Cурия ба як мадраса дар ҷануби шаҳри Ҳалаб ,f кушта шудани донишомӯзон анҷомид ва бо вокуниши тунди Сандуқи Кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) рӯбарӯ шуд

ЮНИСЕФ дар баёнияи шадидуллаҳни худ оварадааст "гӯё ба рағми тамоми ҳушдорҳо барои мутаваққиф кардани хушунат, ки қавонини байналмилалиро ҳам нодида мегирад, ин рӯзҳо ҳамалот дар ҳоли афзоишанд."

Манотиқе аз шаҳри Ҳалаб, ки ҳанӯз таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳи давлати Башор Асад қарор доранд, аз авосити моҳи декабри гузашта мавриди ҳамалоти мутаъаддиди ҳавопаймоҳои артиши Сурия қарор гирифтаанд.

Дар ин ҳамалоти ҳавоӣ борҳо истифода аз бумбҳои бушкаӣ, ки маъмулан устувонаии пур аз мех, буродаҳои оҳан бо маводи мунфаҷираанд, гузориш шудааст.

Бумбҳое, ки ағлаб бидуни ҳадафи мушаххасе бар рӯйи манотиқи пурҷамъият ва таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳи давлат рехта шудааст.

Матолиби муртабит