Ҳамлаи хумпораӣ ба маркази Димишқ

  • 29 Апрел, 2014

Бар асари ҳамлае хумпораӣ дар маркази Димишқ, пойтахти Сурия, ҳадди ақал 12 нафар кушта ва теъдоди зиёде маҷрӯҳ шудаанд.

Пулис гуфтааст, ки 4 хумпора ба як минтақаи шиъанишини Димишқ исобат кардааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои Сурия, ду гулӯлаи хумпора ба муассисаи фаннии "Бадриддин Ҳусейн" дар ин минтақа дар маркази Димишқ исобат кардааст.

Нерӯҳои давлатии Сурия шӯришиёни мухолифро аз навоҳии атрофи Димишқ дур кардаанд, аммо ин шӯришиён ҳанӯз аз гулӯлаи хумпора барои ҳадаф қарор додани манотиқе аз шаҳр истифода мекунанд.

Ин ҳодиса як рӯз пас аз он сурат гирифтааст, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури ин кишвар, расман худро барои севумин давра номзади раёсати ҷумҳурӣ кард.

Мухолифони ҳукумати Сурия, дабири кулли Созмони Милал ва қудратҳои ғарбии Башор Асад аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Сурия бо шароити феълӣ интиқод кардаанд.