Инфиҷорҳои Ҳумси Сурия 25 нафарро кушт
Image copyrightBBC World ServiceИнфиҷори ду худраве бумбгузоришуда дар шаҳри Ҳумси Сурия дастикам 25 кушта ва шумори бештар захмӣ бар ҷой гузоштааст.
Ду худрави бумбгузоришуда ба фосилаи ҳудуди ним соъат аз ҳам мунфаҷир шуданд.
Давлати Сурия "теристҳо"-ро ба бумбгузорӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд 107 нафари дигар дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.
Пас гирифтани ранкус аз мухолифон
Ҳамзамон бо ин инфиҷорҳо, телевизиюни давлатии Сурия гузориш дода, ки баъд аз 18 соъат даргирӣ шаҳри Ранкус дар шимоли Димишқ, пойтахти Сурия? аз кунтрули нерӯҳои шӯришӣ хориҷ шуда ва таҳти кунтрули нерӯҳои амниятии Сурия қарор гирифтааст.
Аммо як гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки гузоришгароне дар минтақа дорад, мегӯяд мухолифони оқои Асад бо миёнҷигарии мардуми маҳаллӣ аз шаҳри Ранкус ақибнишинӣ кардаанд.
Ин гурӯҳ, ки дар Бритониё мустақар аст, ҳамчунин гузориш дода, ки ду худраве бумбгузоришуда дар минтақае мунфаҷир шуда, ки дар он бештар шаҳрвандони сурии алавии ҳомии Башор Асад зиндагӣ мекунанд.
Шабакаи телевизиюнии Алманор вобаста ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ва муттаҳиди ҳукумати Башор Асад гузориш дода, ки артиши Сурия ба дунболи "теруристҳое" аст, ки ба кӯҳҳои атроф гурехтаанд.
Дар ихтиёр доштани кунтрули шаҳри Ранкус ва ҳамин тавр тасарруфи шаҳри Ябруд дар моҳи гузашта бешак ба талоши шӯришиён барои дар ихтиёр доштани кунтрули иртифоъоти марзии Қаламун зарбаи зиёде задааст.
Кунтрули иртифоъоти Қаламун дар марзи Лубнон иртиботи низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва артиши Сурияро душвор карда буд.
Бо истинод бар ҳамин пирӯзиҳо оқои Асад мегӯяд то поёни имсол ҷанг тамом хоҳад шуд; ҳарчанд нишоне аз пирӯзии сареъи артиши Сурия дар ин набард дида намешавад.
Дар се соли гузашта беш аз 100 ҳазор нафар дар даргирии миёни мухолифон ва мувофиқони ҳукумати Башор Асад дар Сурия ҷони худро аз даст доданд ва 9 милюн нафар ҳам овора шуданд.
