Даргирии хунин миёни оворагони сурӣ ва пулиси Урдун
Image copyrightAPМақомоти Урдун мегӯянд дастикам 22 маъмури пулис дар даргирӣ бо оворагони сурии муқими урдугоҳи паноҳандагони Заътарӣ маҷруҳ шудаанд.
Ин урдугоҳ дар шимоли Урдун мизбони беш аз 100 ҳазор овораи сурӣ аст.
Рӯзи шанбе (панҷуми апрел – 17 фарвардин) пулиси Урдун барои мутафарриқ кардани оворагони муътаризи сурӣ ва ҷилавгирӣ аз сангпарронии онҳо аз гози ашковар истифода кард.
Бано бар гузориши мақомҳои урдунӣ паноҳҷӯён чодарҳои урдугоҳро ба оташ кашидаанд. Урдун аз талафоти ҷонӣ дар миёни оворагони сурӣ гузорише мунташир накардааст.
Урдугоҳи Заътарӣ дар шимоли Урдун ва 12 килуметрии марзҳои ин кишвар бо Сурия барпо шудааст ва дар ду соли гузашта ҷамъияти он ба 106 ҳазор нафар расидааст. Ба тавре ки акнун ин урдугоҳ аз назари ҷамъият чаҳорумин шаҳри пурҷамъияти Урдун аст.
Ин урдугоҳ баъд аз урдугоҳи Дадоб дар Кениё дувумин урдугоҳи бузурги оворагони ҷангӣ дар ҷаҳон аст.
Дар ду соли гузашта борҳо нооромӣ дар ин урдугоҳ гузориш шуда, ки ғолибан дар эътироз ба вазъияти бади маъишатӣ ва камбуди имконот сурат гирифтааст.
Пулиси Урдун мегӯяд даргирии рӯзи шанбе аз онҷо оғоз шуд, ки гурӯҳе аз оворагон қасди тарки ғайриқонунии урдугоҳро доштанд ва пулис онҳоро боздошт кард.
Пулиси амниятии Урдун дар баёнияе эълом кардааст: "Иғтишошгарон 6 чодар, ду континарро ба оташ кашиданд ва қасди ҳамла ба пойгоҳи пулисро доштанд."
Дар баробар сокинони урдугоҳи Заътарӣ мегӯянд даргирӣ аз онҷо оғоз шуд, ки худрави пулис як кӯдаки суриро зер гирифт.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд теъдоди маҷруҳони сурӣ дар ин воқеа бисёр бештар аз се нафаре аст, ки мақомҳои урдунӣ гузориш кардаанд.
Урдугоҳи Заътарӣ дар ҷулои соли 2012 доир шуд ва дар ибтидо урдугоҳе барои искони ҳудуди 100 хонаводаи овораи сурӣ буд, аммо акнун ҳудуди 30 ҳазор чодар дар ин минтақа барпо шуда ва сохтмонҳои идорӣ ва хадамотӣ барои расидагӣ ба умури беш аз 100 ҳазор муқими он доир шудааст.
Ҳазинаи рӯзонаи ин урдугоҳ ҳудуди ним миллиюн дулор аст ва рӯзона беш аз 500 ҳазор тикка нон ва чаҳор миллиюну дувист ҳазор литр оби ошомиданӣ дар ин урдугоҳ тавзеъ мешавад.
