СММ: Хушксолӣ ҷони миллиюнҳо нафар аз суриҳоро таҳдид мекунад
Image copyrightAPСозмони Милал ҳушдор додааст, ки хушксолӣ дар Сурия ҷони миллиюнҳо тан аз сокинони ин кишварро таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи Барномаи Ҷаҳонии Ғизои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба далели бориши кам интизор меравад, ки маҳсули гандуми Сурия имсол бо камбуди бесобиқае мувоҷеҳ шавад.
Хабаргузории Фаронса ба нақл аз Барномаи Ҷаҳонии Ғизо гузориш медиҳад, ки моҳи гузашта дар манотиқи ҷангзадаи Сурия ба чаҳор миллиюн нафар кумакҳои ғизоӣ расондааст, аммо ҳол маҷбур аст, ки бастаҳои ғизоиро ба як панҷуми ин мизон коҳиш диҳад.
Барномаи Ҷаҳонии Ғизо мегӯяд, ки илова бар камбуди буҷе ба далели нарасидани пул аз ҷониби кишварҳои кумаккунанда ҷанг шароити бисёр сахтеро барои ирсоли кумакҳои ғизоӣ ба вуҷуд овардааст.
Ба гуфтаи Маҳанд Ҳодӣ, ҳамоҳангкунандаи кумакҳои Барномаи Ҷаҳонии Ғизо ба Сурия 9 миллиюн тан аз мардуми Сурия ба кумакҳои ғизоӣ ниёз доранд.
Вай ибрози нигаронӣ кард, ки агар бориши борон ҳамчунон ба мизони кам идома пайдо кунад ҷони миллиюнҳо нафар ба хатар меафтад.
Дар хушксолӣ хушксолӣ ба ғайр аз талаф шудани аҳшом ва хушк шудани киштзорҳо манобеъи обӣ низ аз байн мераванд ва анвоъи бемориҳо низ фарогир мешаванд.
Охирин бор дар соли 2008 ва се соли қабл аз шуруъи ҷанг дар Сурия ин кишвар бо бадтарин хушксолӣ тайи чиҳил соли гузашта рӯбарӯ шуд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки илова бар даргириҳои ҷорӣ эҳтимолан бисёре дигар ба далели қаҳтӣ ва хушксолӣ аз Сурия хоҳанд гурехт.
