Бумбҳои бушкаӣ Ҳалабро дар 'ваҳшат' фурӯ бурд

  • 28 Апрел, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Имсол ҳашт нафар аз ин нерӯҳо дар ҷараёни амалиёти наҷот ва ёфтани бозмондагон ҷони худро аз даст додаанд

Гурӯҳе аз хабарнигорони Би-би-сӣ шоҳиди талафоти густардаи ношӣ аз бумборони ҳавоии артиши Сурия барои дастёбӣ ба манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён дар Ҳалаб будаанд.

Нерӯҳои имдодӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки шаҳр дар "ваҳшат ва хатар" ба сар мебарад.

Ҳазорон нафар аз ғайринизомиён дар ҷараёни бумборони ҳавоии шаҳр дар соли ҷории мелодӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Иён Панел ва Дорен Конвуй аз Би-би-сӣ нахустин хабарнигорони хориҷӣ будаанд, ки дар манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён ҳузур пайдо кардаанд.

Ум Яҳё, модари ҷавоне, ки бо ду фарзанди хурдсолаш зиндагӣ мекунад, дар ҳоле ки гиря мекунад, ба Би-би-сӣ мегӯяд: "Шавҳарам машғули сарфи субҳона буд. Ибтидо садои нахустин инфиҷорро шунидам. Садо аз дурдаст меомад. Ба ӯ гуфтам ба хиёбон биравад ва бачаҳоро ба хона биоварад, ки ногаҳон бумби дигаре хонаи моро мунфаҷир кард."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Як гурӯҳи нозир гуфтааст аз ибтидои соли мелодӣ то кунун 700 нафар дар Ҳалаб кушта шудаанд

Ин хона, ки то субҳи он рӯз маҳалли зиндагии онҳо буд, акнун табдил ба вайронае шудааст, пӯшида аз хоку сим ва махрубаи сохтмонӣ аст ва ниме аз сақфи рехта ва ниме аз сохтмон низ комилан вайрон шудааст.

Ум Яҳё лаҳзаеро, ки бумби бушкаӣ дар хиёбон фуруд омад, шарҳ медиҳад: "Гӯӣ касе маро баланд кард ва партобам кард."

Шавҳараш, ки ба дунболи бачаҳо рафта буд, башиддат маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шуд. Падару модараш ба Туркия фирор кардаанд ва ӯ акнун танҳо бо фарзандонаш зиндагӣ мекунад. "Ҳеч ҷое барои рафтан надорам. Фаҳат ҳамсарамро мехоҳаму бас."

Дар берун аз хона аъзои "Нерӯи Дифоъ аз Ғайринизомиён", ки омӯзиши каме дидаанд, дар миёни вайронаҳо бо абзоре маҳдуд, ки аз Бритониё, Омрико ва чанд кишвари дигар таҳия кардаанд, дар ҳоли ҷустуҷӯ ҳастанд; коре башиддат озордиҳанда ва хатарнок.

Ҳар гоҳ ҳамлае алайҳи ғайринизомиён сурат мегирад, онҳо басуръат худро ба маҳал мерасонанд, ки бозмондагони эҳтимолиро наҷот диҳанд, ки ҳамеша ҳам муваффақ нестанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Даргириҳо Ҳалабро ба вайронае табдил кардааст

Имсол ҳашт нафар аз ин нерӯҳо дар ҷараёни амалиёти наҷот ва ёфтани бозмондагон ҷони худро аз даст додаанд.

Холид Ҳаҷу, раиси ин гурӯҳи наҷот дар Ҳалаб мегӯяд, ки вазифаи онон аст, ки ба наҷоти касоне бираванд, ки дигар касе барояшон намонда, ки барои наҷоти онҳо биёяд.

Як гурӯҳи нозир гуфтааст аз ибтидои соли мелодӣ то кунун 700 нафар дар Ҳалаб кушта шудаанд.

Шаҳри Ҳалаб аз нимаи соли 2012 ба ҷабҳаи аслии ҷанг табдил шудааст. Ҳалаб, ки бузургтарин шаҳр ва пойтахти тиҷории Сурия аст, ҳол ба манотиқе таҳти кунтрули нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён тақсим шудааст.

Ҳамалоти ҳавоии артиши Сурия ба ин шаҳр умдатан бо мушакҳои Искод ва бумбҳои бушкаӣ буда ва садҳо кушта ва маҷрӯҳ бар ҷой гузошатаст.

Гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар ва мухолифони ҳукумати Сурия башиддат ин ҳамалотро маҳкум кардаанд.

Бино бар гузориши Созмони Милали Муттаҳид аз оғози даргириҳо дар Сурия дар зимистони соли 2011 то кунун беш аз сад ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва милюнҳо нафар овора шудаанд.

Матолиби муртабит