Башор Асад: Ба нуқтаи атфи буҳрон расидаем

  • 14 Апрел, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Раиси ҷумҳури Сурия мегӯяд нерӯҳои вафодор ба ӯ дасти болоро доранд.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар суханронӣ дар донишгоҳи Димишқ аз чархиши умур ба нафъи давлаташ хабар дод ва гуфт буҳрони Сурия ба нуқтаи атфи худ расидааст.

Башор Асад гуфт: "Ин нуқтаи атфи буҳрон аст, ҳам аз назари низомӣ ва пирӯзиҳои артиш дар ҷанг алайҳи терурисм ва ҳам аз назари раванди оштии миллӣ ва густариши огоҳӣ дар бораи моҳияти ҳамалот алайҳи Сурия"

Нерӯҳои давлатии Сурия зарфи моҳҳои ахир бахше аз манотиқи таҳти кунтрули шӯришиёнро бозпас гирифтаанд.

Башор Асад дар суханронии худ дар донишгоҳи Димишқ ҳамчунин аз нақши кишварҳои ғарбӣ дар минтақаи Ховари Миёна интиқод кард.

Ибрози итминони Башор Асад ба доштани дасти боло дар ҷанги дохилии Сурия ҳудуди як ҳафта пас аз он эълом мешавад, ки Ҳасани Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, низ гуфт муътақид аст, ки хатари сарнагунӣ дигар ҳукумати Башор Асадро таҳдид намекунад.

Ӯ ҳафтаи гузашта ибрози умедворӣ кард, ки раиси ҷумҳури кунунии Сурия дар интихоботи пеши рӯ низ номзад шуда ва ба пирӯзӣ бирасад.

Ҷанги дохилии сесола дар Сурия беш аз 150 ҳазор кушта ва милюнҳо овора бар ҷой гузоштааст.ба ғайр аз рӯёрӯии нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ бархе нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳи нерӯҳои хориҷӣ низ ба таври мустақим ва ғайримустақим дар ин даргириҳо ҳузур доранд.

Матолиби муртабит