Башор Асад худро барои савумин давраи раёсати ҷумҳурӣ номзад кард

  • 28 Апрел, 2014
Башор АсадImage copyrightAP
Image caption Башор Асад нисбат ба ояндаи ҳукумати худ хушбинтар шудааст

Баноба эъломи раиси маҷлиси Сурия Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар расман худро барои сеюмин давраи раёсати ҷумҳурӣ номзад кард.

Ба гуфтаи ӯ Башор Асад бо сабти дархосте дар додгоҳи қонуни асосӣ худро номзад кардааст. Ба ҷуз Башор Асад панҷ нафари дигар низ худро барои раёсати ҷумҳурӣ номзад кардаанд.

Мухолифони ҳукумати Сурия, дабири кулли Созмони Милал ва қудратҳои ғарбӣ аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ интиқод кардаанд.

Миллиюнҳо овораи сурӣ дар паноҳгоҳҳо дар кишварҳои ҳамсоя ба сар мебаранд ва мушаххас нест, ки раъйгирӣ аз онон чӣ тавр анҷом мегирад.

Ҳамчунин созу кори баргузории интихобот дар манотиқи таҳти кунтрули мухолифон ва мавриди муноқиша рӯшан нест.

Пеш аз ин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ин тартиб буд, ки маҷлис як нафар аз ҳизби Баъсро ба унвони раиси ҷумҳури пешниҳодӣ интихоб мекард ва сипас мардум дар як ҳамапурсӣ ин фардро таъйид ё рад мекарданд.

Аммо қонуни асосӣ ҳудуди ду соли пеш тағйир карда ва бано аст интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мушобеҳи ағлаби кишварҳо ва бо чанд номзад баргузор шавад.

Яке аз шароити номзадии раёсати ҷумҳурӣ ин аст, ки дар даҳ соли ахир сокини худи Сурия буда бошанд. Ба ин тартиб чеҳраҳои аслии мухолифон, ки дар табъид ба сар мебаранд, нахоҳанд тавонист худро барои раёсати ҷумҳурӣ номзад кунанд.

Матолиби муртабит