Убомо хостори ихтисоси 500 милюн дулор барои мухолифони сурӣ шуд

  • 27 Июн, 2014
Image copyright
Image caption Хушунатҳои Сурия бисёре аз шаҳрҳои ин кишварро вайрон кардааст

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, аз кунгреи Омрико хостааст 500 милюн дулор барои омӯзиш ва таҷҳизи ба гуфтаи ӯ нерӯҳои "миёнарав" дар миёни мухолифони мусаллаҳи сурӣ ихтисос диҳад.

Кохи Сафед гуфт, ки ин маблағ ба суриҳо кумак хоҳад кард дар баробари нерӯҳои муттаҳид бо Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, аз худ дифоъ кунанд.

Бар асоси баёнияи Кохи Сафед ин кумак ҳамчунин ба суриҳо дар мубориза бо пайкорҷӯёни исломгаро монанди Доъиш кумак хоҳад кард.

Пешравиҳои Доъиш дар Ироқ воқеъ дар ҳамсоягии Сурия боъис шудааст баъзе аъзои кунгре барои иқдом алайҳи ин гурӯҳ ба давлати Убомо фишор биоваранд.

Тайи се соли ҷанги дохилӣ дар Сурия миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён даҳҳо ҳазор нафар кушта ва милюнҳо нафар овора шудаанд.

"Афзоиши ҳитмояти Омрико"

Кохи Сафед навишт: "Маблағи дархостшуда дар ҷиҳати талошҳои дербози давлат брои қудрат додан ба нерӯҳои миёнараваи мухолиф дар Сурия чи ғайринизомӣ чи низомӣ ба кор гирифта хоҳад шуд."

Ин пул ҳамчунин "ба вазорати дифоъ имкон хоҳад дод ҳимояти мо аз гурӯҳҳои таъйиди салоҳиятшуда дар миёни мухолифони мусаллаҳро афзоиш диҳад."

Кохи Сафед, гуфт, ки ин 500 милюн дулор ба эҷоди субот дар навоҳии таҳти кунтрули мухолифон ва муқобила бо таҳдидҳои теруристӣ кумак хоҳад кард.

Давлати Убомо мегӯяд, ки барои рафъи нигаронӣ дар мавриди хатари афтодани таҷҳизот ба дасти пайкорҷӯёни мутахосим бо Омрико ва муттаҳидони он, ибтидо пешинаи гурӯҳҳои дарёфткунандаи кумакҳои молӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Оқои Убомо таҳти фишори шадиди баъзе аъзои кунгре барои афзоиши кумак ба мухолифон дар Сурия будааст.

Ӯ моҳи гузашта дар нутқе дар окодемии низомии Вест Пуйнет ба афзоиши кумак б мухолифон ишора карда буд.

Ӯ гуфта буд, ки барои "афзоиши ҳимоят аз касоне ки беҳтарин олтернотив дар муқобили теруристҳо ва як диктотури бераҳм ҳастанд", бо кунгре кор хоҳад кард.

Матолиби муртабит