Ҳамлаи Исроил ба Сурия дар пайи марги ҷавони исроилӣ

  • 23 Июн, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Баландиҳои Ҷавлон дар ҷанги 1967 тавассути Исроил ишғол шуд

Исроил мегӯяд, ки як пис ари 15-солаи исроилӣ дар баландиҳои ишғолии Ҷавлон дар асари оташбор аз Сурия ҷони худро аз даст додааст.

Артиши Исроил баъдан гуфт 9 нуқтаи низомӣ дар дохили Сурияро дар вокуниш ба марги ҷавони 15-сола дар рӯзи якшанбе ҳадаф гирифт.

Мақомҳои исроилӣ гуфтаанд, ки ин ҷавон бо падараш дар дохили як "вонет" нишаста буд, ки "мустақиман ҳадаф қарор гирифт"

Бино ба гузоришҳо, падари ин ҷавон ва як муқотиъакори дигар захмӣ шудаанд. Онҳо дар ҳоли мараммати як ҳисори марзӣ буданд, ки ҳодиса рӯй дод.

Маълум нест, ки оё шӯришиён дар Сурия омили ҳодиса будаанд ё хайр, аммо Исроил бо гулӯлаи тонк ба ин оташбор посух дод.

Ба гуфтаи вазорати дифоъи Исроил, ҳодиса дар ноҳияи Тел-Озго иттифоқ афтод, ки дар наздикии гузаргоҳи марзии Кунитро қарор дорад.

Ин аввалин бор аст, ки аз замони шурӯъи муноқишаи Сурия дар соли 2011 як исроилӣ дар асари оташбор аз Сурия дар баландиҳои Ҷавлон кушта мешавад.

Сухангӯйи артиши Исроил ба хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гуфт, ки оташбор аз Сурия "қатъан амдӣ" буд, аммо маълум нест, ки дар натиҷаи хумпора, бумбгузории канориҷода ё гулӯлаи тӯп буда бошад.

Баландиҳои Ҷавлон, ки як ноҳияи муртафаъ дар ҷануби ғарбии Сурия аст, дар мароҳили поёни ҷанги 1967 тавассути Исроил ишғол шуд.

Ду кишвар расман дар ҳолати ҷангӣ ба сар мебаранд ва нозирони Созмони Милал дар тӯли 70 килуметр навори ғайринизомишуда дар онҷо мустақар ҳастанд.

Оташбори ношӣ аз муноқишаи Сурия гоҳ ба хоки Исроил мерасад, ки бахше аз он ғайриамдӣ ва ба ақидаи Исроил бахше аз он омидона аст.

Исроил дар моҳи март чанд ҳадафи низомӣ дар Сурияро бумборон кард, ки пас аз захмӣ шудани 4 сарбозаш дар баландиҳои Ҷавлон буд.

Исроил артиши Сурияро ба "кумаку ёрӣ расондан" ба ҳамла ба як воҳиди гаштии артиши Исроил дар наздикии хатти оташбас муттаҳам кард.

Сурия гуфт, ки яке аз сарбозонаш дар ҳамлаи мутаъоқиби Исроил кушта шуд.

Албатта Исроил ахиран ҳамалоти дигаре ҳам алайҳи Сурия анҷом дода, ки тасаввур мешавад бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз интиқоли захоири рокет аз сӯйи давлати Сурия ба Ҳизбуллоҳи Лубнон буда бошад, ки мавриди ҳимояти ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, аст.