20 кушта дар ҳамлаи хумпораӣ ба гирдиҳамоии интихоботии ҳаводорони Асад
Image copyrightGettyҲамлаи хумпораӣ ба як гирдиҳамоии интихоботии ҳаводорони Башор Асад дар шаҳри Диръо дастикам 20 кушта бар ҷо гузоштааст.
Ба гузориши расонаҳои давлатӣ ва мухолифон, ин ҳамла шаби гузашта (панҷшанбеи 23 май) чодареро, ки ҳаводорони раиси ҷумҳури Сурия дар он ҷамъ шуда буданд, ҳадаф гирифт.
Созмони нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд 30 нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Давлати Сурия қасд дорад интихоботи раёсати ҷумҳуриро камтар аз ду ҳафтаи дигар баргузор кунад. Мухолифон ва қудратҳои ғарбӣ баргузории интихобот дар шароити ҷанги дохилиро "мазҳака" хондаанд.
Ҳарчанд ба ҷуз Башор Асад ду нафари дигар ҳам номзади раёсати ҷумҳурӣ шудаанд, умуман тасаввур мешавад, ки ӯ барандаи интихобот хоҳад буд.
Нозирони ҳуқуқи башари Сурия гуфтаанд, ки ҳамлаи дишаб тавассути як гурдони шӯришиёни исломгаро анҷом гирифта ва дар он 11 ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта шудаанд. Соири қурбониён шибҳинизомиёни тарафдори давлат будаанд.
