Инфиҷори маҳиб дар Ҳалаб як ҳутелро 'нобуд' кард
Image copyrightAFPРасонаҳои давлатии Сурия ва фаъъолони мухолифи давлат мегӯянд инфиҷори маҳибе дар Ҳалаб, дар шимоли Сурия, як ҳутел ва чандин сохтмони дигарро нобуд кардааст.
Дар мавриди иллати инфиҷор гуфта шудааст, ки пайкорҷӯёни мухолифи давлат бумберо дар тунеле зери ҳутели Корлтун Ситодел, дар наздикии бозор ва қалъаи қадимии шаҳр кор гузошта ва онро мунфаҷир кардаанд.
Мухолифон мегӯянд нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа мустақар буданд.
СОНО, хабаргузории давлатии Сурия, гузориш додааст, ки "теруристҳо" тунелҳоеро, ки зери муҳавватаҳои бостоншиносӣ дар бахши қадимии шаҳр ҳафр карда буданд, мунфаҷир кардаанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин ҳутел "хисороти фаровоне" дидааст. Хабаргузории давлатии Сурия дар мавриди талафоти эҳтимолии ин инфиҷор гузорише надодааст.
Ҳутели Корлтун Ситодел даруни бахше аз Ҳалаб бо қидмати 150 сол қарор дорад. Қалъаи қадимии ин бахш, мутаъаллиқ ба қарни сездаҳуми мелодӣ аст, ки ҳамроҳи бахши қадимии Ҳалаб ба унвони мероси ҷаҳонии ЮНЕСКУ ба сабт расидааст.
Гузоришҳои хабарӣ ҳокӣ аз он аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир, шӯришиён дар манотиқе дар Ҳалаб пешравиҳое кардааст.
Манотиқи таҳти кунтрули шӯришиён дар Ҳалаб тайи чанд моҳи ахир зери ҳамалоти сангини ҳавоии нерӯҳои давлати Сурия қарор доштаанд.
Нерӯҳои давлатӣ талош мекунанд, то кунтрули ин манотиқро дар даст гиранд.
Ҳамалоти нерӯҳои сурӣ боъис шуда, то садҳо ғайринизомии сокин дар ин манотиқ кушта шаванд ва ҳазорон нафари дигар хонаҳои худро тарк кунанд.
