Шаст кишвар хостори пайгирии қазоии ҷиноёт алайҳи башарият дар Сурия шуданд
Image copyrightGettyЧандин кишвари ҷаҳон хостори расидагии қазоии байналмилалӣ алайҳи башарият дар Сурия шудаанд.
Панҷоҳу ҳашт узви Созмони Милал дар номаи муштараке пешнависи қатъномаеро ба Шӯрои Амнияти ин созмон ирсол дошта ва хостаанд, то эҳтимоли вуқӯъи ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар ҷанги дохилии Сурияро барои расидагӣ ба додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ирҷоъ кунад. Пешнависи қатънома тавассути Фаронса таҳия шуда ва намояндаи Фаронса дар Созмони Милал аз Шӯрои Амният хостааст ин пешниҳод дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи Шӯрои Амният матраҳ ва ба раъйгирӣ гузошта шавад.
Намояндаи Суис гуфтааст, ки бар асоси шавоҳиди мавҷуд ва таҳқиқоте, ки тавассути ниҳодҳои муртабит бо Созмони Милал сурат гирифта, дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия нерӯҳои давлатӣ, шибҳнизомиёни вобаста ба давлат ва бархе гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф, бахусус исломгароёни тундрав, муртакиби иқдомоте шудаанд, ки ба эҳтимоли зиёд аз масодиқи ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият будааст. Сафири Суис таъкид варзида, ки пешнависи қатъномаи пешниҳодӣ мушаххасан ҳеҷ як аз тарафҳои даргириро ҳадаф қарор намедиҳад, балки манзури муҷозоти муртакибини ин гуна ҷиноёт дар ҳар ду тараф ва ҳамчунин ҳушдор ба дигарон аст.
Дар пешниҳоди ироашуда ба Шӯрои Амният, "нақзи фоҳиш ва густардаи ҳуқуқи башар ва қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ дар фазои беқонунӣ дар Сурия, ки тавассути давлат ва шибҳинизомиёни тарафдори давлат ва ҳамчунин гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ сурат гирифта" башиддат маҳкум шудааст.
Пешопеш намояндаи Русия гуфтааст, ки дар раъйгирии рӯзи панҷшанбе ин тарҳро вету хоҳад кард. Давлати Чин, ки монанди Русия аз ҳомиёни ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, аст, то кунун дар мавриди ин тарҳ изҳори назаре накарда, аммо мумкин аст ин қатъномаро низ монанди чаҳор қатъномаи пешниҳодии қаблӣ дар мавриди Сурия вету кунад.
Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ бар асоси муъоҳидаи Рум мавсум ба Қонуни эҷоди додгоҳи кайфарии байналмилалӣ таъсис шуд ва ин паймон аз соли 2002 ҷанбаи иҷроӣ ёфт. Ҳадаф аз таъсиси ин додгоҳ бархӯрди қазоӣ бо муртакибини ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар интибоқ бо аҳдоф ва ормонҳои аввалияи Созмони Милали Муттаҳид аст. Дар сурате, ки чунин ҷароим ва ҷиноёте дар кишварҳои имзокунандаи муъоҳида рӯй диҳад, додситонии додгоҳ ин маворидро пайгирӣ ва дар сурати лузум додгоҳ ҳукми пайгарди мутаҳҳаминро содир мекунад, аммо дар мавриди соири кишварҳо оғози раванди қазоӣ мусталзими судури қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал аст.
Дар ҳоли ҳозир, беш аз яксаду бист кишвари ҷаҳон расман ба ин паймон пайвастаанд, аммо Сурия аз имзокунандагони муъоҳидаи Рум нест. Ба ин тартиб, тасмими Русия ва эҳтимолан Чин ба ветуи ин пешниҳод монеъ аз тасвиби қатъномаи лозим барои ирҷоъи парвандаи ҷиноёт алайҳи башарият дар Сурия ба додгоҳи байналмилалӣ хоҳад шуд.
Кишварҳои имзокунандаи пешнависи қатъномаи марбут ба Сурия дар садад ҳастанд, то шумори ҳарчи бештаре аз беш аз яксаду навад кишвари узви Созмони Милал ин пешниҳодро имзо кунанд, то иқдоми Русия ва Чин дар ҷилавгирӣ аз расидагии қазоӣ ба ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар Сурия барои ин ду кишвар ҳазинаи сиёсии ҳарчи сангинтаре дошта бошад.
Пештар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар таҳқиқоти мустақиле вуқӯъи ҷароими ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар ҷанги дохилии Сурияро гузориш кардааст. Ба гуфтаи ин шӯро, шавоҳиди кофӣ дар бораи дастикам ҳашт мавриди куштори ғайринизомиён тавассути нерӯҳои давлатӣ ва як мавриди куштор тавассути гурӯҳҳои мухолиф ба даст омада ва заминаи пайгарди қазоии муртакибони ин ҷароимро фароҳам овардааст. Феҳристи маҳрамонае аз асомии мазнунон ба иртикоби ин ҷароим таҳия шуда ва дар ихтиёри Новӣ Пилой, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, қарор гирифтааст.
Буҳрони сиёсии Сурия аз беш аз се сол пеш бо дархости ислоҳоти сиёсӣ ва мубориза бо фасод оғоз шуд ва дар ҳоле ки бархе аз мухолифон ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ интизор доштанд Башор Асад ба ислоҳоте, ки ҳамвора ваъдаи онро дода буд, мубодират кунад, нерӯҳои артишӣ барои хотима додан ба тазоҳурот вориди амал шуданд ва талафоте ба ғайринизомиён ворид сохтанд.
