Даргирии маргбор байни мухолифони Башор Асад
Image copyrightAFPБино бар гузоришҳо, даргириҳои шадид байни гурӯҳҳои исломгаро дар шарқи Сурия беш аз 60 кушта бар ҷой гузошта ва ҳазорон нафарро овора кардааст.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Қонуни асосии Сурия эълом кардааст, ки Башор Асад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи июни имсол бо ду кондидои дигар "рақобат" хоҳад дошт.
Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия якшанбе эълом кард, ки даргириҳои чаҳор рӯзи гузаштаи ду гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" ва гурӯҳи "Ҷабҳаи нусрат" ҳадди ақал 62 кушта бар ҷой гузоштааст.
Ин ду гурӯҳ муддатҳост, ки дар навоҳии шимолӣ, бавижа дар наздикии марзи Сурия ва Туркия бо ҳам даргир будаанд, вале ахиран набарди онҳо ба манотиқи нафтхези шарқи кишвар сироят кардааст.
Гуфта мешавад, ки даргириии тозаи ин ду гурӯҳ дар се рустои устони Дайрулзур дар наздикии марзи Ироқ, даҳҳо ҳазор нафарро овора кардааст.
Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд даргириҳои дохилии гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад, фақат дар соли мелодии ҷорӣ беш аз се ҳазор кушта барҷой гузоштааст.
Дар ҷанги дохилии Сурия то кунун ҳудуди 150 ҳазор кушта шудаанд. Дар ин миён , ҳукумати Сурия худро барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ омода мекунад.
"Ду рақиби" Башор Асад
Маҷиди Хазро, сухангӯйи додгоҳи Қонуни асосии Сурия эълом кардааст, ки аз 24 кондитои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда се нафар салоҳияти рақобат доранд.
Ба ин тартиб, Ҳасан бини Абдуллоҳ Нурӣ, яке аз намояндагони порлумон аз Димишқ ва Моҳир Абдулҳофиз Ҳиҷор, намояндаи шаҳри Ҳалаб қарор аст, ки дар интихоби имсол бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии феълӣ, рақобат кунанд.
Интизор меравад, ки Башор Асад барои бори севум раиси ҷумҳур шавад.
Мухолифони ҳукумати Сурия, дабирои кулли Созмони Милал ва давлатҳои ғарбӣ аз барномаи баргузориии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Сурия башиддат интиқод карда ва гуфтаанд, ки ин иқдом ба ҳаллу фасли буҳрон кумаке нахоҳад кард.
Бо ин ҳол, нозирон бар ин боваранд, ки барномаи интихобот ҳокӣ аз эътимоди Башор Асад ба бақои ҳукуматаш аст, бахусус дар шароите, ки артиши Сурия дар ҷанги дохилӣ аз мавқеъияти беҳтаре бархӯрдор шудааст.
Рӯзи гузашта дар Ҳумс, севумин шаҳри бузурги Сурия, музокирот барои хуруҷи мухолифон аз шаҳр ҳамчунон идома дошт.
Ҳукумат ва мухолифони мусаллаҳ дубора ақибнишинӣ аз манотиқи таҳти муҳосираи Ҳумс ба тавофуқи усулӣ расидаанд, аммо ин тавофуқ ҳанӯз иҷро нашудааст.
Шӯришиён моҳҳои тӯлонӣ дар маҳаллоте аз шаҳри қадими Ҳумс мавзеъ гирифта ва дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ будаанд.
Баъзе аз фаъъолон интизор доранд, ки то рӯзи душанбе мухолифони мусаллаҳ аз Ҳумс хориҷ шаванд.
