Фармондеҳи падофанди ҳавоии Сурия кушта шуд
Image copyrightAFPБа гуфтаи манобеъи давлатии Сурия Ҳусайн Исҳоқ, фармондеҳи падофанди ҳавоии артиши ин кишвар дар даргирӣ бо шӯришиён кушта шудааст.
Ин манобеъ имрӯз, якшанбеи 18 май (28 урдибиҳшт) таъйид кардаанд, ки женерол Исҳоқ дирӯз, дар пайи ҳамлаи мухолифони мусаллаҳ ба як пойгоҳи падофанди ҳавоии артиш дар шаҳри Малиҳа дар наздикии Димишқ кушта шудааст.
Ин мақоми низомӣ, яке аз маъдуд женеролҳои олирутбаи артиши Сурия аст, ки дар тӯли ҷанги дохилии сесолаи ин кишвар кушта шудааст.
Дар ҳоле ки давлати Сурия дар моҳҳои гузашта дар ҷанг бо мухолифони мусаллаҳ ба пирӯзиҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёфта, шӯришиён ҳанӯз манотиқи қобили таваҷҷуҳеро дар ин кишвар дар ихтиёр доранд.
Ду рӯз пеш Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки барои "ҳар гуна кумаке" ба мухолифони Сурия омода аст. Оқои Керрӣ дар айни ҳол дар бораи ин ки оё кишвараш ба ин мухолифон кумаки низомӣ мекунад ё на, чизе нагуфт.
Ҳафтаи гузашта Бон Ки-мун, дабири кули Созмони Милали Муттаҳид истеъфои Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурияро пазируфт, вале таъкид кард, ки вай то 31 моҳи май, яъне 13 рӯзи дигар ба кори худ идома хоҳад дод.
Оқои Иброҳимӣ дар муддати маъмурияти худ ду нишаст миёни давлати Сурия ва шуморе аз мухолифони давлати Башор Асад дар Женев баргузор карда буд.
Истеъфои оқои Иброҳимӣ дар шароите пазируфта шудааст, ки қарор аст интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия дар моҳи оянда баргузор шавад.
Башор Асад, раиси ҷумҳури кунунии Сурия аз ҷумлаи номзадҳои интихоботӣ аст.
