Таъйини муҷозот барои размандагони тоҷик дар хориҷ
Image copyright.Қавонин ё Кодекси ҷинойии Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати ғайриқонунии атбоъи тоҷик дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ муҷозот таъйин кардааст.
Абдуманнон Холиқов, муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 21 май, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони ин кишвар сӯҳбат мекард, гуфт, қаблан атбоъи тоҷик, ки дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ширкат доштанд, бар асоси моддаи 187, қисми 2-и Қавонини ҷинойӣ, яъне, “Барои ширкат дар иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳои ҷинойӣ” муҷозот мешуданд.
Аммо дар пайи ширкати ғайриқонунии атбоъи тоҷик дар амалиёти ҷангӣ ё ҷиҳод дар кишварҳои дигар, аз ҷумла, дар ҷанги Сурия ва боздошти ҷанд тан аз ин афрод зарурати ворид кардани тағйирот ба Қавонини ҷинойӣ пеш омадааст.
Ба гуфтаи оқои Холиқов, дар Қавонини ҷинойии ин кишвар моддаи 401, яъне, “зархаридон” вуҷуд дошта, вале ширкати тоҷикон дар ҷиҳод на ба хотири пул, “балки бо мақсадҳои дигар” сурат гирифтааст.
Аз ин лиҳоз, ба ин модда банди дигар, яъне, “Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва афроди бешаҳрванд дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар” ворид шуд.
Муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ба ҳангоми таъйини ҷазо барои ин амал мизони ҷазо дар кишваре, ки шаҳрванди тоҷик дар малиёти ҷангӣ дар он ширкат кардааст, дар назар гирифта мешавад.
Масалан, дар моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон се шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷангҳои Сурия бар асоси қавонини ин кишвар ба муддати ду сол равонаи зиндон кард.
Ҳамакнун баррасии парвандаи 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои ҷароими мушобеҳ дар додгоҳ идома доштааст.
Гуфта мешавад, барои иртикоби ҳамчунин ҷароим дар ҳудуди Тоҷикистон ҳукми аз 8 то 12 сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Абдуманнон Холиқов, муъовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон дар мавриди теъдоди мушаххаси атбоъи тоҷик, ки дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд, ибрози беиттилоъӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Бадриддин Ҳасун, муфтии аъзами Сурия, дар як суханронӣ дар авохири соли гузашта теъдоди атбоъи Тоҷикистон, ки дар ҷангҳо алайҳи давлати Башор Асад ширкат доранд, 190 нафар арзёбӣ карда буд.
