Раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия оғоз шуд
Image copyrightAFPРаъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия оғоз шуда ва Эрон як ҳайъати порлумониро ба Сурия эъзом кардааст.
Аз субҳи сешанбеи 3 июн ба манзури раъйгирӣ дар нахустин интихоботи "чандҳизбии" Сурия ҳудуди нуҳ ҳазор ҳавзаи ахзи раъй дар миёни тадобири шадиди амниятӣ дар манотиқи таҳти ихтиёри нерӯҳои кори худро оғоз карданд.
Гузориши расонаҳои хабарии Сурия ҳокӣ аз истиқболи мардум аз интихобот аст ва телевизиюни ин кишвар сафҳои раъйдиҳандагон дар марокизи ахзи раъй дар Димишқро нишон додааст.
Ин интихобот бо ширкати се номзад баргузор мешавад. Номзади аслии ин интихобот Башор Асад, раиси ҷумҳурӣ аз ҳизби Баъс, аст ва ду нафари дигар ба асомии Моҳир Абдулҳафиз Ҳаҷор ва Ҳасан Абдуллоҳ Нурӣ ҳам ба унвони рақибони ӯ дар ин интихобот ҳузур доранд.
Ин нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия аз замони оғози ҳукумати хонаводаи Асад дар беш аз панҷоҳ соли пеш аст, ки бо ширкати беш аз як номзад ва аз тариқи раъйгирӣ барои баргузидани яке аз номзадҳо баргузор мешавад.
То пеш аз тағйири Қонуни асосӣ дар феврали соли 2012 "интихоботи" раёсати ҷумҳурии Сурия бо як номзад аз ҳизби ҳокими Баъс ва ба шакли "ҳамапурсӣ" анҷом мегирифт. Тибқи Қонуни асосии ҷадид ҳизби Баъс дигар расман танҳо ҳизби ҳоким дар Сурия шинохта намешавад ва аҳзоби дигар низ метавонанд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад дошта бошанд. Ҳамчунин, Қонуни асосии ҷадид давраи раёсати ҷумҳуриро ҳафт сол таъйин карда ва ҳар фард танҳо метавонад ду давраи мутаволӣ ба ин симат интихоб шавад.
Башор Асад бо даргузашти падараш Ҳофиз Асад дар соли 2000 симати раёсати ҷумҳурии Сурияро дар даст гирифт. Агарчи вай дар он замон ҳанӯз ба синни чиҳилсолагӣ, яъне шарти синнии тасаддии симати раёсати ҷумҳурӣ нарасида буд, аммо маҷлиси Сурия бо тасвиби қонуне ин маҳдудиятро бартараф кард ва ӯ тавонист ҷонишини падараш шавад. Башор Асад бори дигар дар ҳамапурсии соли 2007 раиси ҷумҳур шуд.
Ду номзади дигари ин интихобот афроди шинохташудае маҳсуб намешаванд ва наҳваи таблиғоти интихоботии номзадҳои сегона, ҳамроҳ бо пустерҳои азим аз Башор Асад ва таблиғоти маҳдудтар ду нафари дигар нишонгари мавқеъияти мутафовити онон будааст.
Моҳир Ҳаҷор, раҳбари Ҳизби иродаи халқ ва намояндаи порлумон аз Ҳалаб ва Ҳасан Алнурӣ, намояндаи Димишқ дар порлумон аст. Ҳизби иродаи халқ аз гурӯҳҳои ташкилдиҳандаи "Ҷабҳаи мардумӣ барои тағйиру озодӣ" аст, ки аз он ба унвони ҷиноҳи мухолиф дар порлумони Сурия ёд мешавад, ки ҳатто дар мавориде аз амалкарди давлат ба раҳбарии ҳизби Баъс интиқодҳое ҳам кардааст.
Мухолифони ҳукумати Сурия ва кишварҳои ғарбӣ ин интихоботро намоишӣ ва муҳзик тавсиф карда ва гуфтаанд, ки баргузории ин интихобот сирфан боъиси идома ва ташдиди даргирӣ хоҳад шуд. Гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия ҳар гуна роҳи ҳаллеро, ки замонатдиҳандаи идомаи зимомдории Башор Асад бошад, мардуд дониста ва гуфтаанд ба таъаҳҳудоти ӯ эътимод надоранд.
Дар муқобил ҳукумати Сурия ва ҳомиёни он аз ин интихобот ба унвони роҳи хуруҷи Сурия аз буҳрон ном бурдаанд. Аз ҷумла мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора таъкид доштаанд, ки танҳо роҳи ҳалли буҳрони Сурия идомаи ҳукумати Башор Асад ва анҷоми ислоҳоти мавриди назари ӯст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ҳайъатҳое аз Куреи Шимолӣ, Эрон ва Русия барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия ба он кишвар рафтаанд.
Шабакаи телевизиюнии Алъолам, мутаъаллиқ ба давлати Эрон, гузориш карда, ки як ҳайъати порлумонӣ ба раёсати Алоуддини Бруҷердӣ, раиси кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлис вориди Димишқ шудааст. Бар асоси ин гузориш оқои Буруҷердӣ гуфтааст, ки "мо ба раъйи мардуми Сурия эҳтиром мегузорем ва интихоби мардуми Сурия ба маънии таъйини сарнавишти ин кишвар аст."
Алъолам меафзояд, ки ҳайъатҳои порлумонии дигаре низ аз кишварҳои Филипин, Буливӣ, Венезуэло, Тоҷикистон, Зимбобве ва Угондо таҳти унвони "Гурӯҳи дӯстии Сурия" ба он кишвар рафтаанд.
.
