Башор Асад пирӯзи интихоботи риёсати ҷумҳурии Сурия эълом шуд

  • 5 Июн, 2014
Image copyrightAP
Image caption Башор Асад ва ҳамсараш ба ҳангоми ба сандуқ андохтани раъйҳояшон

Ҷиҳод Лаҳом, раиси Маҷлиси Сурия эълом кард, ки Башор Асад дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ахир бо ба даст овардани 88.7 дарсади оро пирӯз шудааст.

Ба гуфтаи оқои Лаҳом, ду рақиби оқои Асад, яъне Ҳасан Нурӣ ва Моҳир Ҳиҷор батартиб 4.3 ва 3.2 дарсади ороро ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи девони олии Қонуни асосии Сурия, мизони мушорикат дар интихобот 73.42 дарсад будааст.

Ин интихобот, ки бо интиқоди густардаи мухолифони давлат ва нозирони байналмилалӣ рӯбарӯ шуд, танҳо дар манотиқи таҳти кунтрули давлат баргузор шуд ва пирӯзии оқои Асад дар он ҳатмӣ талаққӣ мешуд.

Давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Сурия ҳафт сол аст.

Эъломи пирӯзии оқои Асад дар ин интихобот эҳтимоли даст ёфтан ба роҳи ҳалли мусолиматомез барои буҳрони Сурияро камранг мекунад.

Мухолифони мусаллаҳи оқои Асад хоҳони канорагирии ӯ аз қудрат ва рӯйи кор омадани як давлати интиқолӣ ҳастанд.