Даргирии давлати Сурия ва шӯришиён дар баландиҳои Ҷавлон
Image copyrightReutersДаргирии миёни нерӯҳои давлатии Сурия ва шӯришиён дар баландиҳои Ҷавлон, ҷое ки 44 сулҳбони Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи гузашта дар он рабуда шуданд, аз сар гирифта шуд.
Бано бар гузоришҳо даргирии сангин дар гузаргоҳи марзии Қанитра, ки аз чаҳоршанбеи гузашта ба тасарруфи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф даромад, шиддат гирифтааст.
Макони нигаҳдории сулҳбонони рабудашудаи Созмони Милал, ки аҳли Фиҷӣ ҳастанд, мушаххас нест, аммо тасаввур мешавад, ки онҳо дар ихтиёри Ҷабҳаи нусрат аз гуруҳҳои мусаллаҳи наздик ба Алқоъида ҳастанд.
Ҷабҳаи нусрат мегӯяд ҷои онҳо амн аст, аммо ба назар меояд то кунун дархосте барои озод кардани онҳо матраҳ накардааст.
Ин гурӯҳ дирӯз якшанбе тасовиреро мунташир кард, ки мегуфт мутаъаллиқ ба сулҳбонони рабудашуда аст.
72 сулҳбони филипинӣ ҳам ҳафтаи гузашта дар ду минтақа муҳосира шуданд, аммо дар ниҳоят муваффақ шуданд фирор кунанд.
Имрӯз душанбе, аввали сентябр садои инфиҷор ва рагбор аз манотиқи ишғолии баландиҳои Ҷавлон дар тарафи исроилӣ шунида мешуд.
Нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён дар ин минтақа барои дар ихтиёр гирифтани кунтрули гузаргоҳи Қанитра ва рустои Ҳамидия дар ҳоли набард ҳастанд.
Хабаргузории Руйтерз аз ҳузури шӯришиён дар чандметрии хати оташбаси соли 1974 миёни Сурия ва Исроил хабар додааст.
