43 сулҳбони Созмони Милал дар баландиҳои Ҷавлон асир шудаанд
Image copyrightAFPДафтари Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Миллал таъйид кардааст, ки 43 сулҳбони Созмони Милал дар баландиҳои ҷавлон асир шудаанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки 81 сулҳбони дигар низ ҳарчанд асир нашудаанд, натавонистаанд фирор кунанд ва дар мавозеъи худ гир уфтодаанд.
Пайкорҷӯёни Ҷабҳаи нусрат, бозуи Алқоъида дар Сурия дирӯз ба ҳамроҳи дигар шӯришиён гузаргоҳи марзии Сурия бо Исроилро дар баландиҳои Ҷавлон тасарруф карданд.
Ба далели ихтилофоти марзии тулонӣ байни Сурия ва Исроил Созмони Милал бар гузаргоҳи марзӣ дар баландиҳои Ҷавлон назорат мекард.
Дар баёнияи Созмони Милал омадааст, ки ин созмон "ҳар талоше мекунад то сулҳбонони асиршуда озод шаванд."
Дар даргирии дирӯзи артиши Сурия ва пайкорҷӯён ва табодули оташ миёни онҳо як сарбоз ва як ғайринизомии исроилӣ низ захмӣ шуданд. Артиши Исроил мегӯяд, ки бо оташи тӯпхона ба ин воқеъа вокуниш нишон додааст.
Ишғоли баландиҳои Ҷавлон
Фосилаи посгоҳҳои марзии Исроил ва Сурия тақрибан 200 метр аст.
Ба дунболи ҷанги шашрӯзаи аъроб ва Исроил дар соли 1967 баландиҳои Ҷавлон ба ишғоли Исроил даромад.
Сурия дар оғози ҷанги 1973 тавонист бахшҳои васеъе аз ин манотиқро бозпас бигирад, аммо нерӯҳои исроилӣ муҷаддадан кунтрули бахшҳои зиёде аз онро дар даст гирифтанд.
Ду тараф дар 1974 ва дар ҳоле ки бахши зиёде аз баландиҳои Ҷавлон дар кунтрули Исроил буд, эъломи оташбас карданд. Сурия борҳо хоҳони ақибнишинии нерӯҳои исроилӣ аз баландиҳои Ҷавлон шудааст.
