Шӯришиёни исломгарои Сурия ба сулҳбонони СММ дар Ҷӯлон ҳамла карданд
Image copyrightAFPВазири дифоъи Филипин эълом кардааст, ки сарбозони ин кишвар, ки ба унвони сулҳбони Созмони Милал дар буландиҳои Ҷӯлон ҳузур доштаанд, мавриди ҳамлаи шӯришиёни исломгаро қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳ аз 70 сулҳбони филипинӣ аз минтақа тахлия шуданд, аммо гурӯҳе дигар таҳти ҳамла қарор доранд.
Ҳафтаи гузашта шуморе аз шибҳинизомиёни мухолифи Башор Асад пас аз даргирӣ бо артшиси Сурия дар буландиҳои Ҷӯлон тавонистанн кунтрули гузаргоҳи марзии Сурия бо Исроилро дар даст бигиранд. Пайкорҷӯёни Ҷабҳаи Нусрат, бозуи Алқоъида дар Сурия, низ дар миёни онон буданд.
Онҳо пеш аз даргирии имрӯз 43 сулҳбони Созмони Милалро ба асорат гирифтанд. Сулҳбонони асиршуда аҳли Фиҷӣ будаанд.
Созмони Милал гуфтааст, ки аз ҳеч иқдоме барои озодии сулҳбонон фурӯгузор намекунад.
Созмони Милал дар буландиҳои Ҷӯлон
Аз он ҷо, ки байни Сурия ва Исроил бар сари кунтрули буландиҳои Ҷӯлон ихтилоф вуҷуд доштааст, сулҳбонони Созмони Милал дар ин минтақа ҳузур доштанд.
Исроил дар пайи ҷанги шашрӯзаи 1967 бо аъроби буландиҳои Ҷӯлонро ишғол кард ва талошҳои баъдии Сурия барои бозпасгирии ин минтақа ба натиҷа нарасид ва бахши аъзами он таҳти кунтрули Исроил боқӣ монд.
Сурия борҳо ба ишғоли буландиҳои Ҷӯлон тавассути Исроил эътироз карда, аммо то кунун натавониста ин минтақаро пас бигирад.
