Сурия дучори "бузургтарин шароити изтирории инсонӣ дар давраи муъосир" аст
Image copyrightReutersСозмони Милал гуфтааст, ки беш з се милюн нафар аз шаҳрвандони Сурия дар асари ҷанги дохилӣ аз хонаҳои худ гурехтаанд ва асаре аз беҳбуди буҳрони сиёсии он кишвар дида намешавад.
Кумиссориёи Олии Паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Сурия акнун дучори бузургтарин шароити изтирории инсонӣ дар давраи муъосир аст.
Теъдоде аз афроди бехонумоншуда аз Сурия хориҷ шуда ва дар кишварҳои ҳамсоя паноҳ хостаанд. Беш аз як милюн шаҳрванди сурӣ акнун сокини Лубнон ҳастанд.
Даҳҳо ҳазор нафари дигар ба Урдун ва Туркия паноҳ бурдаанд.
Тахмин зада шудааст,ки наздик ба 190 ҳазор нафар низ аз замони оғози шӯришҳои зиддидавлатӣ дар се соли гузашта ҷони худро аз даст додаанд.
Шӯришҳо дар моҳи марти соли 2011 оғоз шуд ва акнун шӯришиён, ки умдатан гурӯҳҳои исломгарои ифротии суннимазҳаб ҳастанд, манотиқи бузурге аз Сурия ва ҳамчунин Ироқро таҳти кунтрули худ доранд.
Бузургтарин гурӯҳҳои шӯришӣ гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ аст, ки барои эҷоди тарсу ваҳшат сари асирони умдатан шиъаи худро мебуранд ва тасовири онро аз тариқи интернет пахш мекунанд.
Кумиссориёи Олии Паноҳандагони СММ мегӯяд беш аз шаш милюн сурӣ дар дохили он кишвар овора шудаанд ва ниме аз ин теъдод кӯдак ҳастанд.
Роҳи хуруҷ аз Сурия барои паноҳҷӯён сахттар шудааст ва бисёре ночор ҳастанд, ки барои хуруҷ ба дастаҳои табаҳкори мусаллаҳ боҷ диҳанд.
Онтунию Кутерз, кумиссари олии паноҳандагони Созмони Милал, хостори дарёфти кумакҳои башарӣ барои ироаи хадамот ба паноҳҷӯёни сурӣ шудааст.
Созмони Милал пештар ҳушдор дода буд, ки шӯришиёни мавсум ба "Давлати Исломӣ" натанҳо хушунат алайҳи ғайринизомиёни суриро башиддат афзоиш дода, балки амалиёти имдодрасонӣ дар он кишварро низ таҳдид мекунанд.
