Созмони Милал: Доъиш ва давлати Сурия муртакиби ҷиноёти ҷангӣ мешаванд
Image copyrightnonБозрасони Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, ки давлати Сурия ва мухолифони ҷиҳодии он, ҳар ду даст ба иқдомоте мезананд, ки ҷинояти ҷангӣ талаққӣ мешавад.
Дар гузориши тозаи бозрасони Созмони Милали Муттаҳид ҷузъиёте аз "иқдомоти қасоватомези" шибҳнизомиёни "Давлати исломӣ" (Доъиш) дар манотиқе, ки дар Сурия таҳти кунтрул доранд, баён шудааст.
Мутобиқи ин гузориши ҳуқуқи башарӣ, ки зарфи шаш моҳ ва бар мабнои садҳо мусоҳиба ва мадорики мавҷуд танзим шуда, дар манотиқи таҳти кунтрули "Давлати исломӣ" ба дафаъот ашхосе дар малои ом эъдом мешаванд, ки гуфта шуда дар мавориде кӯдакон маҷбур ба тамошои эъдомҳо шудаанд.
Бано ба ин гузориш аҷсоди эъдомӣ рӯзҳо пас аз кушта шуданашон дар маърази диди умум аст ва дар мавориди бисёре ба салиб кашида мешавад.
Гузориши Созмони Милал дар айни ҳол мегӯяд, ки давлати Сурия низ ба шиканҷа ва куштани ғайринизомиён мепардозад, бемористонҳоро ҳадаф қарор медиҳад ва аз бумбҳои бушкаӣ ва гози клур барои ҳамалоташ истифода мекунад.
"Таҳмили ваҳшат"
Бозрасони Созмони Милал мегӯянд, ки нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шимоли Сурия ба таҳмили ваҳшат ва ҳарос даст мезананд ва дар ин роҳ аз муҷозотҳое мисли қатъи узв, шаллоқ ва эъдом дар малои ом истифода мекунанд.
Гузориши Созмони Милал мегӯяд, ки дар Раққа ва устони Ҳалаб маросими эъдом ба як намоиши ҳафтагӣ дар рӯзҳои ҷумъа табдил шудааст.
Мутобиқи ин гузориш афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" даст ба шиканҷа, қатл ва одамрабоӣ мезананд ва бархе афродро ба зӯр аз хонаҳо овора мекунанд.
Бозрасони Созмони Милал мегӯянд, ки ин гурӯҳ таҳдиде ошкор барои ғайринизомиён ва ба вижаи ақаллиятҳо аст.
"Шиканҷаи системотик"
Гузориши Созмони Милал нерӯҳои давлати Сурияро низ ба иртикоби шиканҷа ва қатли афроди таҳти боздошт муттаҳам мекунад.
Дар ин гузориш омадааст, ки шумори марги боздоштиён дар зиндонҳои Сурия рӯ ба афзоиш аст.
Ҳамчунин нерӯҳои давлатӣ пас аз инки бо муҳосира ва бумборон мухолифони мусаллаҳро дар манотиқе ба пазириши оташбас вомедоранд, мардонеро, ки тавоноии ҷангидан доранд, ба таври дастаҷамъӣ боздошт мекунанд.
Бозрасони Созмони Милал феҳристе маҳрамона аз афроде, ки бояд дар додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима шавандро, ироа кардаанд.
Онҳо аз Шурои Амнияти Созмони Милал хостаанд, ки ин парвандаро ба Девони кайфарии байналмилалӣ ирҷоъ диҳад.
