Карзай пирӯзии Башор Асадро ба ӯ табрик гуфт
Image copyrightfҲомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, бо ирсоли паёме пирӯзии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро ба ӯ табрик гуфт.
Дар паёми Ҳомид Карзай, ки тавассути бахши иттилоотии Вазорати хориҷаи Афғонистон дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, омадааст: “Иҷоза диҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон пирӯзии Шуморо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ табрик гӯям.”
Дар паёми раиси ҷумҳурии Афғонистон ибрози умедворӣ шуда, ки ба раҳбарии Башор Асад кишвари Сурия тавсеъа ёбад.
Дар идомаи ин паём омадааст: “Умедворам кишвари дӯст ва бародари Сурия бо тадбир ва ҳушёрии Шумо ба оромӣ ва баракат даст ёбад.”
Оқои Карзай барои миллати Сурия орзуи беҳрӯзӣ ва пешрафт кардааст.
Рӯзи чоршанбеи гузашта Ҷаҳод Лаҳом, раиси Маҷлиси Сурия эълом кард, Башор Асад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ахир бо ба даст овардани 88,7 дарсади оро пирӯз шудааст.
Ба гуфтаи Девони олии Қонуни асосии Сурия, мизони мушорикат дар интихобот 83,42 дарсад будааст.
Омрико, Иттиҳодияи Урупо ва дабири кулли Созмони Милал интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Сурияро маҳкум карданд.
Омрико барномаи давлати Сурия барои баргузории интихоботро ба унвони талош барои “ба мазҳака гирифтани демукросӣ” қаламдод кард.
Ин интихобот, ки бо интиқоди густардаи мухолифони давлат ва нозирони байналмилалӣ рӯбарӯ шуд, танҳо дар манотиқи таҳти кунтрули давлат баргузор шуд ва пирӯзии оқои Асад дар он ҳатмӣ талақӣ мешавад.
Давраи раёсати ҷумҳурӣ дар Сурия 7 сол аст.
Эъломи пирӯзии оқои Асад дар ин интихобот эҳтимоли даст ёфтан ба роҳи ҳалли мусолиматомез барои бӯҳрони Сурияро камранг мекунад.
Мухолифони мусаллаҳи оқои Асад хоҳони каноргирии ӯ аз қудрат ва рӯйи кор омадани як давлати интиқолӣ ҳастанд.
