Номаи тасаллияти Раҳмон ба Карзай
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба марги нобангоми Муҳаммадқасим Фаҳим, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ибрози ғуссаю андӯҳ кардааст.
Дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон моршол Фаҳим “аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистон ва қаҳрамони ин кишвар” унвон шудааст.
Дар ин нома омадааст: “Дар зеҳни тоҷикистониён моршол Фаҳим ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст.”
Муҳаммадқасим Фаҳим, муъовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон бомдоди якшанбеи 9 март, ба далели сактаи қалбӣ дар 56-солагӣ даргузашт.
Ҳукумати Афғонистон ба ҳамин муносибат се рӯзи азои умумӣ эълом кард. Дар ин се рӯз парчами Афғонистон дар ҳолати нимаафрошта қарор хоҳад гирифт.
