Карзай: Толибон хостори музокира бо давлат ҳастанд

  • 22 Март, 2014
КарзайImage copyrightAP
Image caption Оқои Карзай гуфта, ки Толибон дастпарвардаи Покистон аст

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, дар маросими оғози соли ҷадиди омӯзишӣ дар ин кишвар гуфт: "Толибон бо мо тамос мегиранд ва мехоҳанд, ки музокира кунанд."

Ӯ бо таъкид ба ин ки сулҳ дар Афғонистон омаданӣ аст, гуфт: "Акнун афроди гурӯҳи Толибони Покистон бо мақомоти ин кишвар дар ҳоле гуфтугӯ аст ва сулҳ дар ин кишвар хоҳад омад. Зеро раҳбарони Покистон тавони идомаи ин ҳолатро дар кишварашонро надоранд."

Суханони оқои Карзай дар ҳолест, ки гурӯҳе аз расонаҳо ва созмонҳои мудофеъи озодии баён дар Афғонистон дар вокуниш ба кушта шудани як рӯзноманигор дар инфиҷоре интиҳорӣ пӯшиши хабарҳои марбут ба Толибонро таҳрим кардаанд.

Идораи Дидбони Расонаҳо, ки як ниҳоди мудофеъи дидбони расонаҳои озод дар Афғонистон аст, эълом карда, ки ин ниҳод пӯшиши хабарии Толибонро барои ду ҳафта таҳрим эълом мекунад.

Ин созмон гуфта, ки ин иқдом бар асоси пешниҳоди теъдоде аз намояндагони расонаҳо ва фаъъолони маданӣ баъд аз кушта шудани Аҳмад Сардор, хабарнигори Хабаргузории Фаронса, ҳамсар ва ду фарзандаш тавассути афроди гурӯҳи Толибон, сурат мегирад.

Дар суханронии худ ба муносибати оғози соли нави омӯзиш, оқои Карзай талвеҳан гурӯҳи Толибонро дастпарвардаи Покистон хонд ва гуфт: "Худкардаро дармон нест. Вале мо ба Покистон пешниҳод мекунем, ки хоҳони ҳамкорӣ ҳастем ва мехоҳем дар дармони ин "худкарда" кумак кунем."

Чанде пеш рӯзномаи "Ню-Йурк Тоймз" навишт, ки Ҳомиди Карзай аз ҳудуди се моҳ қабл ба таври маҳрамона бо Толибон дар тамос будааст.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон бо ишора ба ҳамлаи дирӯз, ки дар он нуҳ ғайринизомӣ ба шумули занону кӯдакон кушта шуданд, гуфт, ки "созмонҳои истихбороти ҷаҳонӣ ин муҳоҷимонро ба Кобул фиристода буд."

Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳушдор дод, ки касе наметавонад бо зӯр, таҳдид ва таҳрим мардуми Афғонистонро мутеъи худ созад ва агар аз дари дӯстӣ дарояд, "Афғонистон дар дӯстӣ беҳтарин аст."

Ӯ аз мардуми Афғонистон хост, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки қарор аст 16 фарвардини имсол баргузор шавад, ширкат кунанд ва раиси ҷумҳурии ояндаи худро интихоб кунанд.

Оқои Карзай таъкид кард, ки ҳукумати ояндаи Афғонистон бамаротиб беҳтар аз ҳукумати кунунӣ хоҳад буд, зеро бо тағйири раиси ҷумҳурӣ нерӯи ҷадид вориди баданаи низом шуда ва раъйи мардум низ ба ҳукумат машрӯъият медиҳад.

Ӯ афзуд, ки даҳ сол қабл хеле аз сохторҳои кунунӣ дар ин кишвар вуҷуд надошт ва заминаи рушду тавсеъаи Афғонистон акнун бо таваҷҷуҳ ба ин зерсохтҳо бештар фароҳам шудааст.

Бар асоси эъломи Форуқ Вардак, вазири омӯзишу парвариши Афғонистон, имрӯз дар ин кишвар 11,5 милюн донишомӯз ба мадраса рафтанд ва барои ҳудуди 1,3 милюн кӯдак ҳанӯз заминаи омӯзиш дар ин кишвар фароҳам нест.

Оқои Карзай бо ибрози хушҳолӣ аз раванди рӯ ба рушди омӯзиш дар ин кишвар гуфт, ки алоқаи фарзандони Афғонистон ба ин амр боъис шуда, ки ин кишвар дигар шикастнопазир шавад.

Ӯ гуфт: "Даҳ сол пеш аввалин тасвире, ки аз Афғонистон доштам, рафтани кӯдакон ба мадраса буд ва акнун мебинем милюнҳо нафар ба мадраса мераванд, хушҳолам ва ин қуввати мардуми Афғонистон аст.

Ӯ раванди тавсеъаи Афғонистонро пуршитоб хонд ва гуфт: "Мо дар панҷ сол қабл бозии крикетро аз сифр шурӯъ кардем ва акнун ба Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфтем, дар ҳоле ки дигарон 150 сол дар ин замина талош карданд."

Оқои карзай ҷавонони Афғонистонро ба "мушакҳои қоррапаймо" ташбеҳ кард, ки ба суръат ва қудрат дар ҳоли ҳаракат ҳастанд ва гуфт: "Рангпаридагии гузаштаи мо ба далели набуди омӯзиш дар гузашта ва пуррангии рухсори имрӯзи мо низ ба далели тавсеъаи омӯзиш дар кишвар аст."

Матолиби муртабит