Барфу сармо ҷони 10 нафарро дар шимоли Афғонистон гирифт

Устод Муҳаммад Раҳимӣ, сарпарасти вулусволии Дарзоби вилояти Ҷузҷон дар шимоли Афғонистон таъйид кард, ки резиши барфи сангин ва сармо боъиси марги 10 нафар дар ин вулусволӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ 500 раъс доми мутаъаллиқ ба сокинони ин вулусволӣ ҳам дар асари сармо талаф шудаанд.
Оқои Раҳимӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки роҳҳои иртиботӣ миён рустоҳои ин вулусволӣ масдуд аст ва дар ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз сокинони ин маҳал ба либоси гарм, маводди ғизоӣ ва кумакҳои пизишкӣ ниёзманд ҳастанд.
Ӯ афзуд, ки иртифоъи барф дар ин минтақа ба беш аз як метр мерасад ва то кунун ҳеҷ ниҳоде ба мардумуми маҳал кумак накардааст.
Илова бар ин, дар масири иртиботии ин вулусвоолӣ бо шаҳри Шибирғон, маркази вилояти Ҷузҷон, низ нерӯҳои мухолифи давлати Афғонистон мустақар ҳастанд.
Вилоятҳои шимолӣ, марказӣ ва шимоли шарқи Афғонистон ба далели шароити иқлимии вижа ба доштани зимистонҳои сард ва сармои шадид маъруф ҳастанд.
Дамои ҳаво дар ин манотиқ гоҳ байни 46 дараҷа зери сифр то 51 дараҷа зери сифр дар навасон аст.
Чанд рӯз қабл низ дар ду ҳодисаи ҷудогонаи табиъӣ дар вилоятҳои Бадахшон дар шимоли шарқ ва вилояти Бомиён дар маркази Афғонистон 9 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Як ҷабҳаи ҳавоии сард ағлаби шаҳрҳои Афғонистонро дар рӯзҳои гузашта фаро гирифта ва боъис шуд гузаргоҳи Соланг, муҳимтарини масири иртиботии Кобул, бо 9 вилояти шимолӣ барои чанд рӯз масдуд шавад.
Ин масир субҳи имрӯз бар рӯи трофик боз шуд.
