Шаҳрдории Душанбе хостори рафъи сареъи авоқиби барфрезӣ шуд

  • 3 Феврал, 2014
БарфрезӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Вазъи ҷоддаҳои мошингарди Душанбе баъд аз ду рӯзи барфрезӣ вахим арзёбӣ мешаванд

Шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки авоқиби барфрезии шадиди ду рӯзи ахир сареъан рафъ карда шавад.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки аз субҳи рӯзи душанбеи 3-уми феврал ҳаракати васоили нақлия, бавижа нақлиёти мусофирбар дар ҷоддаҳои Душанбе мушкил шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки сокинон то чанд рӯзи дигар аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ ва ҳамлу нақл тавассути ҷоддаҳои кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Ҳавошиносон мегӯянд, ки барфрезии ахир то панҷуми феврал идома дошта ва дар пайи воридшавии ҳавои сарди шимолӣ дамои ҳаво дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон то 15-20 дараҷа сард хоҳад шуд.

Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе рӯзи душанбеи 3-уми феврал ба Би-би-сӣ гуфт, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдор, раҳбарии ситоди шаҳрӣ барои рафъи авоқиби барфрезӣ ва сардиҳои ахирро бар дӯш гирифтааст.

Вай афзуд: “Ба ҷуз аз ситоди шаҳрӣ дар ҳамаи навоҳии шаҳр ситодҳои ноҳиявӣ таъсис шуд ва раисони ин навоҳӣ раҳбарии ин ситодро бар ӯҳда доранд”.

Оқои Саидов мегӯяд, ки шаҳрдори Душанбе дастур додааст дар фасли сармо ва резиши барфи шадид навбатдории шабонарӯзии масъулони шаҳрдорӣ, навоҳӣ ва ниҳодҳои шаҳрдорӣ таъмин карда шавад.

Шавкат Саидов афзуд: “Шаҳрдорӣ бо ниҳодҳои беҳдоштӣ, омӯзишу парвариш, ятимхонаҳо, маҳаллоти мухталиф дар робита ба таъмини сокинон бо нерӯи барқ ва об ва ироъаи ғизи иртиботи доимӣ роҳандозӣ кардааст”.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи якшанбеи гузашта дар Душанбе резиши барфи шадид мушоҳида шуда ва ҳаракати васоили нақлия дар хиёбонҳо бо мушкилоте рӯбарӯ шудааст.

Ҳарчанд дар хиёбонҳо гоҳ-гоҳе ҳаракати мошинҳои вижа барои тоза кардани ҷоддаҳо аз барф мушоҳида мешаванд, вале теъдоди онҳо андак арзёбӣ мешавад. Ба ин далел Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур додааст, ки куллия васоили нақлияи вижа барои тоза кардани ҷоддаҳо истифода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки резиши барфи шадид ва сардиҳо дар фаъъоляити фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст. Дар фурӯдгоҳи Душанбе аз дирӯз ба қабули ҳавопаймоҳо маҳдуд шуда ва бештаре аз ҳавопаймоҳое, ки қасди фуруд ба Душанберо доштанд, то ҳол дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймои ширкати ҳавоии «Ист Эйр», ки дар масири Москав-Кӯлоб парвоз мекард, ба далели бадии вазъи ҳаво дар фурӯдгоҳи ин шаҳри ҷанубии Тоҷикистон фурӯди изтирорӣ карда ва зимни фуруд як чархи ҳавопаймо тахриб шудааст.

Ҳавопаймои дигари ин ширкат, ки дар масири Санкт-Питербурз-Қӯрғонтеппа парвоз мекард рӯзи дуввуми феврал соли ҷорӣ ба далели бадии вазъи ҳавои маркази вилояти Хатлон, дар фурӯдгоҳи Душанбе нишастааст.

Зимнан, ҳанӯз дар фасли пойиз ниҳодҳои давлатӣ аз эҳтимоли зимистони сард ва тӯлонӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода ва хоста буданд, ки куллия ниҳодҳои давлатӣ ба ин амр омода бошанд.

Матолиби муртабит