Зарра-зарра барф меборад сафед: барфӣ дар кишварҳои форсизабон

  • 16 Декабр, 2013
барф

Баробари боридани барфи аввал, баъзе аз одамони боҳавсала, шўх, зиндадил ва хушсалиқа имрўзҳо низ ба иҷрои бозии қадимии тоҷикӣ, яъне "Барфӣ" шурўъ менамоянд. Дар ҳар маконе, ки барф меборад, ҳатман ин бозӣ иҷро мегардад.

Баъзеҳо интизори боридани барфи аввал ҳастанд. Бархе қаблан омодагӣ мегиранд, ки кадоме аз наздикон ва ё дўстонашон хеле осон ба "доми барфӣ" гирифтор мешаванд. Тарзи баргузор намудани "барфӣ" имрўзҳо чунин аст.

Барфӣ дар Тоҷикистон

Рўзи боридани барфи аввал шахси барфидиҳанда дар як номае тақозои худро, дар шакли шеър, ё дар чанд ҷумла, ё иборае менависад. Ин тақозо маъмулан зиёфат аст. Пасон фурсати муносибро пайдо карда аз пайи иҷрои он мешавад. "Номаи барфӣ"-ро ба дасти шахси мавриди назар медиҳад, ё ба кисааш менадозад, ё ба хонааш рафта, хеле зарифона барояш тақдим мекунаду чанд қадам аз ў дур рафта "ин номаи барфӣ аст, як зиёфат қарздор ҳастӣ!" мегўяд.

Агар гирандаи барфӣ барфидиҳандаро даст гирифта натавонад, ночор зиёфат медиҳад ва агар ў аз назди ў бигрезад, маҷбур аст, ки зиёфат доданро бипазирад.

Тибқи мушоҳидаҳо баробари боридани барфи аввал бисёриҳо ҳамон рўз то бегоҳ ҳушёр мебошанд, то ки бозии барфиро набозанд. Он шахсоне, ки дар солҳои пеш ба касе барфиро бохта буданд, интизор мешаванд, ки имсол аз "рақиби худ" қасос бигиранд. Аз ин рў гирандаи нома шахси зирак бошаду бидонад, ки яке аз наздиконаш, имрўз шояд барояш "номаи барфӣ" бидиҳад, кўшиш мекунад, ки тамоми рўз худро дар зоҳир нодон, вале дар асл ҳушёр нигоҳ дорад, то фиреб нахўрад.

Image caption Бархеҳо аз қабл тасмим мегиранд, ки кадоме аз наздиконашонро, ки баосонӣ "ба доми барфӣ" меуфтад, ба бозӣ андозанд

Ин бозӣ дар гузашта чи гуна буд? Дар ин бора пажўҳишгарони фарҳанги мардум аз ҳар гўшаву канор, аз нимаи аввали садаи ХХ то ба имрўз, маводди гуногун ҷамъ овардаанд, ки яке дигареро такмил менамояд. Тавре ки бузургсолони Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Кўлоб, Ҳисор ва шаҳрҳои дигар бароямон гуфтаанд, дар гузашта барфӣ дар ҳамаи манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ мавҷуд будааст.

Дар солҳои 20-30 садаи ХХ дар шаҳрҳо яке аз матнҳои барфӣ хеле машҳур будааст, ки онро соли 1934 Обид Исматӣ дар маҷмўъаи худ "Адабиёти даҳанакии халқ" овардааст. Он матн чунин аст:

Барф меборад ба фармони худо,

Барфи нав аз мову "барфӣ" аз шумо.

Реза-реза барф меборад сафед,

Як зиёфат аз шумо дорам умед.

Сандалиро гарм созед аз алав,

Ширбиринҷу шўла ва оши палав.

Нонҳои кунҷидини қуббадор,

Себу ангуру дилафрўзу анор.

Ҳофизи хушхону танбўру дутор,

Ною ғижжак, ҷўраҳои беғубор.

Рустаю лавзу мураббою набот,

Пистаю бодому қанду қандалот.

Чормағзу тутмавизи соягӣ,

Баҳри мо тайёр кун аз ҷўрагӣ. (с.25-26)

Дар поварақи ин матн ойид ба ин бозӣ шарҳи зерин омадааст: "Барфӣ бозиест, ки ҳар сол дар вақти аввалин дафъа боридани барф ба ин тариқ месозанд: барфӣ, ки борид ҳамин ашъорро навишта ба касе, ки хоҳанд бурда медиҳанд. Агар ў пай бурда каси барфи бурдаро дорад, бозиро мебарад, вагарна маҷубр мешавад, ки таклифҳои мазмуни шеърро баҷо оварад" (с.25).

Матни мазкур дар байни мардум ваританҳои зиёд дорад, ки баъзе намунаҳои онро фолклоршинос Рўзӣ Аҳмад маврди таҳқиқ қарор додааст. Мо низ чанд нусхаи матни барфии мазкурро аз Бухоро, Бойсун, Сарбанд сабт кардем.

Хеле ҷолиб аст, ки дар гузашта он шахсеро, ки номаи барфӣ меорад агар даст бигиранд ба рўяш сиёҳии таги дегро молида, ба хар чаппа савор мекарданд. Ўро то он даме, ки рўзи зиёфатро дар шоҳидии гурўҳи одамон таин накунад ба кўчаҳо мегардонданд. Баъзе аз таслимшудаҳо аз сиёҳӣ молидан ва ба хар савор карда, дар кўча давр занондан шарм мекарданду ваъда медоданд, ки ду бор зиёфат медиҳад.

Пирамарди 83-сола аз деҳаи Чортути ноҳияи Рўдакӣ, Давлат Холов, ки аслан зодаи Норак аст, дар бораи барфӣ хотироти зеринро нақл кард:

"Дар солҳои бачагии мо барфӣ хеле маъмул буд. Ҳато аз як деҳа ба деҳаи дигар бо асп барфӣ мебурданд. Одамони ҳар деҳа вақти боридани барфи аввал бо ҳушёрӣ интизор мешуданд, шояд аз деҳаи ҳамсоя барфӣ ояд. Агар барфӣ омад, чанд ҷавонмард аз қафои ў бо асп давида, ҳаракат мекарданд, ки ўро биқапанд. Агар шахси номаи барфӣ оварда, ба сарҳади деҳаи худ расад, дигар намегурехт. Бозиро мебурд. Баъд маслиҳат мекарданд, ки кадом рўз дар хонаи кӣ зиёфат мешавад. Дар зиёфат ҳам шўхӣ, ханда, сурудхонӣ, латифагўӣ мекарданд".

Имрўзҳо низ барфӣ чун одати қадим дар байни мардум боқӣ мондааст. Ҳатто дар шакли хеле сода дар байни духтарон ва писарон низ дида мешавад. Яъне ҷавоне дар як варақ менависад, ки "Барфи аввал, бохтӣ як зиёфат!" ва ин навиштаро оҳиста бо баҳонае ба дўсти худ медиҳаду чанд қадам гурехта мегўяд, ки "бохтӣ!". Агар барфигиранда ҳис кунаду ҳамон замон барфидиҳандаро аз дасташ биқапад, "барфиро бурдам!" мегўяд.

Барфӣ дар Афғонистон

Тарзи баргузории бозии "Барфӣ" дар Афғонистон ба бозии барфии Тоҷикистон шабеҳ аст. Фақат дар номаи барфӣ дар Афғонистон гоҳе матни зебои насрӣ низ менависанд, ки дар он ҳамоно гуфта мешавад, ки агар бохтед зиёфатро омода кунед. Маъмулан номаро тавассути як шахси зираку чусту чолок ирсол менамоянд.

Дар Кобул, Ҳирот, Мазоришариф ва ҷойҳои дигар навъи дигари бозии барфӣ аст, ки он маъмулан дар байни хешовандон ва ашхоси бисёр наздик сурат мегирад. Барфидиҳанда дар ҳамон рўз ё шаби боридани барфи аввал, як дона аз меваро (масалан себро) мегираду дарунашро бо корд сўрох мекунад. Дар он сўрохӣ барф пур мекунад ва он як дона меваро дар канори меваҳои дигар, дар лаълӣ, ё табақ мегузорад. Дар таги лаълӣ номаи барфиро мениҳад, ки дар он мисраҳои зерин аст:

Барф меборад паёпай аз ҳаво,

Барфии мо бод болои шумо.

Сандалиро гарм созед аз алав,

Рўи дастархон оредаш палав.

Гўшти мурғу думбабирёни сара,

Ҳам кабоби дошӣ аз гўшти бара.

Кулчаи шириву нони равғанӣ,

Ҳам фатири гарми сохти мейҳанӣ.

Анҷиру себу дилафрўзу анор,

Пиставу бодом ҳам ояд ба кор.

Ҳамчунин бошад бо мо ҳамнишин,

Чанд тан аз ёрону дўстони қарин.

Ё ки шеъри зеринро менависанд:

Зарра-зарра барф меборад сафед,

Як зиёфат аз шумо дорем умед.

Гар бигиред ин ҷавони рафтаро,

Зуд бисозедаш рўяшро сиё(ҳ).

Гар нагиред ин ҷавони рафтаро,

Даҳ нафар ҳастем меҳмони шумо.

Писарак бо зоҳири хеле ҷиддӣ аз номи хонавода лаълиро, дар зери меваҳо бо ин нома, ба хонаи мавриди назар медиҳаду мегурезад. Аз гурехтани ў мефаҳманд, ки ў барфӣ овардааст. Аҳли хонавода ба якдигар фарёд мекашанд, ки "бигиредаш, ки барфӣ овардааст!" агар дастгир нашуд, он хонавода зиёфате қарздор аст. Агар дастгир шуд, рўи писаракро ё бо сиёҳии таги дег сиёҳ мекунанд ва ё бо орд сафед. Худи мо дар Афғонистон шоҳиди он будем, ки барфӣ бештар дар байни хешовандон сурат мегирад ва зиёфати барфӣ бо хушҳолӣ, суруду тарона баргузор мешавад.

Барфӣ дар Эрон

Тавре ки мардумшинос Анҷавии Шерозӣ дар китоби худ "Ҷашнҳо ва одобу мўътақидоти замистон" навиштааст дар Эрон истилоҳи "Барфи кардан" маъмул аст. Дар манотиқи гуногуни Эрон мардум ақида доранд, ки барфи аввал нишотовар ва мояи баракат аст. Бештар барфи крданро занон ба роҳ меандозанд. Дар устони Марказӣ ва ҷойҳои дигар каме барфро ба дастмоле ва ё порчае баста, ба писараки чобуки 8 то 14 сола медиҳанд.

Писарак барфи бастаро ба хонаи маврида назар мебарад ва баробари боз кардани баста бояд фирор кунад. Агар писарак дастгир нашавад, он гоҳ пирўзӣ мансуб ба хонаводае аст, барфӣ ирсол кард. Хонаводаи мағлуб бояд зиёфати оши ришта бидиҳад. Агар писарак дастгир бишавад, он гоҳ рўи ўро бо таҳдег, ё сурма сиёҳ мекунанд ва мегўянд: "Бирав, ба модарат бигў хеле заҳмат кашидӣ!" Ҳар тарафе, ки бохт чанд тан аз занонро ба зиёфати оши ришта даъват мекунанд (с.96).

Хеле ҷолиб аст, ки мардуми Мозандарон, на фақт ҳангоми боридани барфи аввал, балки ҳар гоҳ, ки барф борид барои якдигар "барфнома" мефиристанд ва ин чанд мисраро ба коғазе менависанд:

Барф меборад чу Ҷайҳун аз ҳаво,

Қосиди мо омад сўи шумо.

Қосиди моро агар кардӣ сиё,

Ширинӣ дорад тааллуқ бар шумо.

Гар накардӣ рўи қосидро сиё,

Ширинӣ ҳозир намо аз баҳри мо. (с.97)

Ин сатрҳоро ба зери бастаи порчае мегузоранд ва ба барандаи он меомўзанд, ки чи бояд бигўяд. Агар писарак розро ошкор насохта он бастаро ба шахси мавриди назар қабулонад ва худ оҳиста бигрезад, он гоҳ бозиро мебарад. Вале агар тарафи муқобил барфнома доштани он бастаро фаҳмад, писаракро даст мегираду бозиро ў мебарад. Дар ҳар сурат зиёфати оши ришта ё меҳмониро яке аз тарафҳо баргузор менамоянд.

Дар баъзе манотиқ дар "барфнома" ашъори зеринро менависанд:

Қосиди мо омад, зи мо сўи шумо,

Зарфи каф овард аз баҳри шумо.

Барфии мо аз шумо,

Меҳмонии шумо аз мо.

Каф аз гиёҳе ба номи "бех" дар натиҷаи бо чўб задан гирифта мешавад, ки онро қабл аз боридани барф дар баъзе ҷойҳо ҷавонон омода мекунанд.

Дар бархе аз "барфномаҳо" шеъри зеринро меоранд:

Барфу борон асту тўфон аст дар ҳаво,

Қосиде омад, ки барфӣ аз шумо.

Гар гирифтӣ рўи ўро кун сиёҳ,

Вар бимонад рўи ў монанди моҳ,

Шарт бошад ҷумларо меҳмон кунӣ,

Ҷўҷаро зери палав пинҳон кунӣ.

Рафти бозӣ тавре ки дар боло овардем мисли ҳамон аст.

Дар баъзе аз манотиқи устони Форси Эрон ҳангоме ки дастмоли барфи бастаро медиҳанд, агар тарафи муқобил бастаро гирифт, диҳандаи баста фарёд мезанад: "Барфи мо хонаи шумо, кочии шумо хонаи мо!" дар ин сурат бозанда кочӣ мепазад ва меҳмонӣ медиҳад. Кочӣ як навъ хўрок аст, ки бо орд, равған, шир ва зарчўба пухта мешавад.

Аз мисолҳои боло маълум мешавад, ки рафти бозӣ дар аксари кишварҳои форсизабон ба ҳамдигар хеле монанд аст.