Дархости шаҳрдорӣ аз додситонӣ барои баррасии фаъъолияти маркази гармидиҳӣ

Шаҳрдори Душанбе аз омода набудани Маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе барои интиқоли гармӣ ба манозили сокинони ин шаҳр дар фасли зимистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Маҳмадсайид Убайдуллоев, ба додситонии шаҳрӣ дастур дод, фаъъолияти ин корхона, вазъи омодагии он ба фасли зимистон ва кори муассисаҳои таъминкунандаи ин марказ бо маводди сӯхтро таҳқиқ кунанд.
Оқои Убайдуллоев баъд аз доир кардани ҷаласаи вижа бо ҳузури масъулони ин марокиз ва раҳбарони муассисоти дигари шаҳрии зирабт дар ин бораи қарор содир кардааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии шаҳрдорӣ, ки рӯзи душанбеи 30 сентябр пахш шудааст, масъалаи аслии ин ҷаласа нигаронии оқои Убайдуллоев аз бамавқеъ захира нашудани маводди сӯхт барои марказ гармидиҳӣ будааст.
Ба ин тартиб шаҳрдори Душанбе кумисисюни вижаеро муваззаф карда, ки омодагии сандуқҳои манозили шаҳриро ба фасли сармо баррасӣ кунанд.
Дар иттилоъияе, ки шаҳрдорӣ рӯзи душанбе пахш карда, омадааст, ки ширкати “Барқи Тоҷик” фақат 16,7 дарсад аз нақшаи дарназардошта барои захираи зуғолсангро иҷро кардааст.
Оқои Убайдуллоев дар ин нишаст фаъъолияти идораҳои муқассир дар омода набудани муассисот барои иҷрои барномаи таъмини сокинони Душанбе бо гармӣ дар фасли сарморо “ғайриқоноъатбахш” арзёбӣ кард.
Дар нишаст гуфта шуд, ки ҳоло дар Маркази гармидиҳии шумораи 2 корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати “TBEА”–и Чин идома дошта ва қарор аст дар сармои соли ҷорӣ як дастгоҳи ин марказ 50 МВт нерӯи барқ ва 45 Гкал/соъат гармӣ тавлид кунад.
Нигаронии шаҳрдори Душанбе дар ин замина дар ҳолест, ки ҳамасола дар фасли сармо сокинони Тоҷикистон дар заминаи гармкунии манозилашон ба далели камбуди нерӯи барқ, бо мушкилот рӯбарӯ ҳастанд.
Ҳарчанд дар ду соли ахир интиқоли барқ ба манозили сокинони пойтахт ба таври шабонарӯзӣ анҷом мегирад, аммо бо сабаби адами интиқоли гармӣ ба куллияи манозили ин шаҳр сокинон водор мешаванд, бо нерӯи барқ манозили худро гарм кунанд.
Ин амр боис мешавад, ки гоҳе хутути интиқоли нерӯи барқ ба манозили баландошёна ва дастгоҳҳои танзимкунани интиқоли барқ, ки фақат барои интиқоли миқдори муъаяни барқ пешбинӣ шудаанд, хароб шаванд ва сокинони маҳаллаҳои бузург бидуни барқ бимонанд.
Зимнан раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар авоили фасли баҳор ба ниҳодҳои давлатӣ дастур дода буд, ки шароити лозим барои фаъолияти муназзам ва муассири муассисоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар дар фасли сармо фароҳам кунанд.
Он замон, Президент Раҳмон ҳамчунинт барои захира кардани миқдори зарурии ангишт, гози моеъ ва мазут барои фасли зимистон дастур дода буд.
