Тасмими нерӯҳои омрикоӣ ба хариди маҳсулот аз Осиёи Миёна

  • 31 Январ, 2014
масолеҳи сохтмонӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Фармондеҳии Марказии Омрико мехоҳад маводдеро аз кишварҳои Осиёи Миёна барои интиқол ба Афғонистон харидорӣ кунад

Фармондеҳии Марказии Омрико қасд дорад ба маблағи 100 милюн дулор коло ва маводди дигари заруриро барои интиқол ба Афғонистон аз ширкатҳои Осиёи Миёна харидорӣ кунад.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии сафорати Омрико дар Тоҷикистон, харидории ин мавод дар чорчӯби Тарҳи Тиҷории Дарвозаи Вуруд ба Осиёи Миёна анҷом мегирад.

Дар иттилоъияи ин сафорат, ки рӯзи ҷумъаи 31 январ пахш шуд, омадааст, ки Фармондеҳии Марказии Омрико аз корхонаҳо ва ширкатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон маводи сохтмонӣ, мублмон, васоили барқӣ, дору, женеротурҳо, васоили хона ва дафтари корӣ, харидорӣ мекунад.

Алмоз Душембиев, мудири тарҳи тиҷории Дарвозаи вуруд ба Осиёи Миёна, гуфтааст, ки бо ин иқдом Омрико мехоҳад ба тавсеъаи тиҷорат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа кумак кунд.

Оқои Душембиев гуфтааст: "Харидории мавод тавассути пешниҳодҳои тиҷорӣ анҷом мешавад ва дар ин муъомилот ба ширкатҳо ва корхонадорони хусусӣ авлавият дода мешавад."

Ҳаммчунин, масъулони ин марказ гуфтаанд, ки тарҳи тиҷории Дарвозаи вуруд ба Осиёи Миёна ба тавсеъаи рақобати солими иқтисодӣ дар Осиёи Миёна ва ба пешрафти итҷорати минтақавӣ мусоъидат хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин пруже мушовараҳои ройгон барои масъулони ширкатҳо ва тоҷирон дар назар аст ва давраҳои омӯзишии вижае низ барои онҳо дар замони иҷрои он баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст дар моҳи феврали соли равон дар як ҳамоиш таҳти унвони “Чигунагии анҷоми тиҷорат бо мақомҳои масъули қарордодҳои тиҷории давлати Омрико” дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шавад.

Дар ин нишаст намояндагони омрикоӣ ба пурсишҳои тоҷирон ва корхонадорони маҳаллӣ дар мавриди тадорукот барои анҷоми ин хариду фурӯш посух хоҳанд дод.

Дар иттилоъияи сафорати Омрико дар мавриди ин ки харидорони омрикоӣ аз Тоҷикистон кадоме аз маҳсулотро харидорӣ хоҳанд кард, ибрози назаре нашудааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми андаки тавлидот дар Тоҷикистон мумкин аст масъулони Фармондеҳии Марказии Омрико миқдори камтаре аз маводди мавриди ниёзашонро дар Тоҷикистон ва бештари онро аз Қазоқистон харидорӣ кунанд.

Матолиби муртабит