Зӯрмандони афғон солона милёрдҳо дулор ба мардум зиён мерасонанд

  • 19 Декабр, 2013
Дидбони Шаффофияти Афғонистон
Image caption Дидбони Шаффофияти Афғонистон: Шуморе аз вазирони кобине, намояндагони порлумон, волиҳо, фармондеҳони пулис ва муъовинони вазирон иқтисодро қабза кардаанд

Созмони Дидбони Шаффофияти Афғонистон бо нашри гузорише гуфтааст, ки иқтисоди ин кишвар дар тасарруфи зӯрмандон аст ва ин боъис шуда, ки мардуми одӣ солона милёрдҳо дулор зиён бибинанд.

Бар асоси ин гузориш, шуморе аз вазирони кобине, намояндагони Шӯрои миллӣ, волиҳо, фармондеҳони пулис ва муъовинони вазирон системи иқтисодиро дар ин кишвар қабза кардаанд.

Ёфтаҳои ин ниҳод нишон медиҳад, ки ин афрод қарордодҳои бузурги сохтмонӣ, воридоти маводди нафтӣ ва маводди ғизоиро дар инҳисори худ гирифтаанд.

Ин ниҳод аз ҳукумати Афғонистон хостааст, ки иқтисоди ин кишварро аз чанги ин зӯрмандон раҳо кунад.

Гузориши 37-сафҳаии Дидбони Шаффофият бар асоси мусоҳибаҳо бо сад тан аз бозаргонон, мутахассисони иқтисодӣ ва сиёсатмадорон дар вилоятҳои Кобул дар марказ, Ҳирот дар ғарб, Балх дар шимол, Бомиён дар марказ ва Нангарҳор дар шарқи Афғонистон таҳия шудааст.

Ямо Туробӣ, раиси созмони Дидбони Шаффофияти Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбеи 18 декабр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин афрод, ки "мо ба онон тасмимгирандагони сиёсӣ мегӯем, хонаводаҳои онон дар бонкҳо ва ширкатҳои бузург саҳм доранд, ки мардум низ шоҳиди он ҳастанд."

Оқои Туробӣ ба сурати мушаххас аз ин афрод ном набурд.

Дар ин гузориш омадааст, ки зӯрмандон дар қисмати таъйини қимати коло, бахусус қимати маводди нафтӣ, дар бозор нақши асосиро доранд ва бо дахолат дар қимати аҷнос солона милёрдҳо дулор аз ин тариқ ба мардум зарар мерасонанд.

Дидбони Шаффофият дар гузориши худ навишта, ки афроди зӯрманд барои дастёбӣ ба сарват ба фаъъолиятҳои мутанаввеъи қонунӣ ва ғайриқонунӣ ва ба тиҷоратҳои мутанаввеъ рӯ овардаанд.

Ин гузориш бо ишора ба инҳисори (монополияи) бозор тавассути ин афрод навиштааст, ки вақте афроди зӯрманд вориди рақобатҳои иқтисодӣ мешаванд, афроде, ки сармояи андак доранд, аз раванди рақобатҳои иқтисодӣ бо ин тасаввур, ки "рақобат бо афроди зӯрманд кори беҷо аст" хориҷ мешаванд.

Дидбони Шаффофияти Афғонистон афзуда, ки ин афрод боъиси маҳдудияти рақобат дар бозор шуда ва зӯрмандон таъйинкунандагони қиматҳои колоҳои умда, ҳамонанди нату гоз, ҳастанд.

Гузориш таъкид карда, ки афроди зӯрманд аз нуфузи сиёсии худ дар идороти давлатӣ истифода карда ва қарордодҳо, воридоту содирот, тасоҳуби заминҳо ва фаъъолияти дигари иқтисодиро дар инҳисори худ нигаҳ медоранд.

Дар ин гузориш омада, ки ноамнӣ дар Афғонистон боъис шуда, ки ниҳодҳои байналмилалӣ низ қарордодҳои бузурги пружеҳои сохтмонӣ ва ҳамлу нақлро ба афроди зӯрманд вогузор кунанд, зеро ба тасаввури ин ниҳодҳо, онон қодир ба анҷоми ин корҳо ҳастанд.

Ин гузориш таъкид карда, ки шуморе аз афроди зӯрманд сармояи худро ба номи афроде дигар аз аъзои хонаводаи худ сабт кардаанд, ки бар асоси ёфтаҳои ин гузориш, фаъъолияти иқтисодии чандинмилюндулорӣ ба номи афроде сабт шудаанд, ки камтар аз 17 сол син доранд.

Синни қонунӣ дар Афғонистон ҳиҷдаҳ сол аст.

Бар асоси ёфтаҳои ин гузориш, ин мавзӯъ таъсири манфӣ бар раванди тавсеъа ва давлатсозӣ дар Афғонистон дошта ва боъиси салби эътимоди мардум ба давлати Афғонистон шуда, тавсеъаи иқтисодиро мутаваққиф сохта ва боъси коҳиши сармоягузории иқтисодӣ дар дохили кишвар гардидааст.

Дидбони Шаффофияти Афғонистон дар поён афзуда, ки иқтисоди ин кишвар дар чанги афроди муҷрим қарор дорад ва онон ба истифодаи системотик ва созмонёфта аз қудрати сиёсӣ ва низомии худ ҷиҳати ҷамъоварии сарват дар ин кишвар пардохтаанд.

Матолиби муртабит