Кишти хашхош 36 дарсад дар Афғонистон афзоиш ёфт

Бар асоси охирин гузориши ҳукумати Афғонистон ва Идораи Мубориза бо Ҷароими Созмони Милали Муттаҳид (UNODC), ки имрӯз дар Кобул нашр шуд, кишти хашхош дар Афғонистон ба 209 ҳазор ҳектор расида, ки 36 дарсад афзоишро нисбат ба соли 2012 нишон медиҳад.
Тавлиди тарёк низ нисбат ба соли 2013 чиҳилу нуҳ дарсад афзоиш ёфта ва ба 5.5 ҳазор тун расидааст.
Ин ду ниҳод ихтор додааст, ки ин раванд метавонад ба беҳдошт, амният ва тавсиъа натанҳо дар Афғонистон, балки дар сатҳи байналмилалӣ таъсироти манфӣ дошта бошад.
Мизони заминҳои зери кишти маводди мухаддир дар соли гузашта 154 ҳазор ҳектур гузориш шуда буд.
Ин гузориш афзуда, ки ду вилояти Балх ва Форёб дар шимоли Афғонистон, ки дар солҳои гузашта ба унвони виолятҳои холӣ аз кишти хашхош муъаррифӣ шуда буд, низ бо рафтани 58 ҳектор зери кишти хашхош аз ин феҳрист ҳазф шудааст.
Дар ин гузориш таъкид шуда, ки теъдоди вилоятҳое, ки аз кишти хашхош холӣ шудаанд, ба 15 вилоят расида, дар ҳоле ки дар соли гузашта теъдоди он ба 17 вилоят расида буд.
Вилоятҳои Ғазнӣ, Хуст, Лугар, Пактико, Пактиё, Панҷшер, Парвон, Майдон Вардак, Нуристон, Тахор, Қундуз, Бомиён, Ҷузҷон, Самангон ва Сарипул вилоятҳои холӣ аз кишти хашхош ҳастанд.
Дар ин гузориш омада, ки ҳукумати Афғонистон иқдомоти лозимро низ дар заминаи ҷилавгирӣ аз тавлид ва қочоқи маводди мухаддир анҷом дода ва тавониста, ки 10 дарсад аз тавлидкунандагони дохилиро низ боздошт намоянд.
Гузориш таъкид карда, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки боздошт, таъқиб ва зиндонӣ кардани афроди пурқудрати фаъъол дар ин арса ҳанӯз ҳам андак аст, вале шавоҳид нишон медиҳад, ки ин раванд бо баррасии ду қазияи бисёр умда дар ҳоли пешрафт аст.
Ин ду ниҳод пешниҳод кардааст, ки мушкили маводди мухаддир дар Афғонистон аз сӯйи ниҳодҳои кумаккунанда, тавсиъаӣ ва бахши амниятӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад ва иқдомоти ҳамаҷониба барои ҳалли мушкили маводди мухаддири Афғонистон сурат гирад.
Дар ин гузориш афзоиши қимати маводди мухаддир дар соли 2012, хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, адами итминони мардум ба оянда ва илова бар он табдил шудани кишти хашхош ба як одат дар вилоятҳое, ки мубодират ба ин кишт мекунанд, аз далели аслии ин афзоиши кишти хашхош ном бурда шудааст.
Бештарин хашхоши киштшуда, 89 дарсад аз кулли заминҳои зери киштрафта, дар 9 вилояти ҷанубӣ ва ғарбӣ қарор дорад, ки аз ин вилоятҳо ба унвони вилоятҳои ноамн ёд мешаванд.
Ин гузориш таъкид карда, ки кишти хашхош дар вилояти Ҳилманд 34 дарсад афзоиш ёфта ва дар вилояти Қандаҳор бо зери кишт рафтани беш аз 28 ҳазор ҳектор афзоиш нисбат ба соли гузашта 16 дарсад будааст.
Ин гузориш ба афзоиши кишти хашхош дар вилоятҳои Нангарҳор дар шарқ, Нимрӯз дар ғарб ишора карда ва афзуда, ки кишти хашхош дар вилояти Лағмон дар шарқи Кобул низ 41 дарсад ва вилояти Кописо дар шимоли Кобул низ 101 дарсад будааст.
Гузориш афзоиши мизони кишти хашхош дар вилояти Кобулро 148 дарсад нисбат ба соли 2012 эълом кардааст.
Ҳар ду ниҳод таъкид кардаанд, ки тахриби мазореъи хашхош 24 дарсад дар саросари Афғонистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфта ва маҷмуъи мазореъи тахроибшуда ба беш аз ҳафт ҳазор мерасад.
Бар асоси гузориши соли гузашта даромади ҳосил аз фурӯши маводди мухаддир дар ин кишвар болиғ бар 717 милюн дулор эълом шуда буд, ки чаҳор дарсад аз даромади нохолиси миллии Афғонистонро ташкил медод.
Тавлиди нохолиси миллии Афғонистон аз 4.59 милиёрд дулор дар соли 2003 ба 19.18 милиёрд дулор дар соли 2011 афзоиш ёфтааст.
