Вазири мухобироти Афғонистон: Вокуниши мо ба шунуди ғайриқонунии муколамот ҷиддӣ хоҳад буд

Амирзай Сангин, вазири мухобироти Афғонистон дар бораи шунуди телефунии шаҳрвандони афғон аз сӯи Ожонси амнияти миллии Омрико гуфт дар сурате ки ин кор анҷом шуда бошад, аксулъамали Афғонистон монанди дигар кишварҳо ҷиддӣ хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи Араб Нюз, чопи Арабистони Саъудӣ имрӯз гузориш додааст, ки дар Афғонистон ҳудуди 22 милёрд мавриди шунуд тавассути ин Ожонс анҷом шудааст.
Оқои Сангин дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки шунудҳо агар дар ҳамкорӣ бо давлати Афғонистон анҷом нашудааст, бояд мутаваққиф шавад ва эҳтимолан ин мавзуъ дар рӯзҳои оянда дар сатҳи ҳукумати Афғонистон низ баҳс шавад.
Оқои Сангин гуфт, ки мавзуъи шунуди ғайриқонунӣ як мавзуъи ҷиддӣ аст ва таваққуъи мо ин аст, ки дӯстони байналмилалӣ ба тамоми қавонини кишвари мо эҳтироми бигузоранд ва дар сурате ки шунуди муколамоти хилофи қонун анҷом шуда, бояд дар оянда ваъда бидиҳанд, ки ин кор сурат намегирад.
Вазири мухобироти Афғонистон таъкид кард, ки ҳар мамлакате, ки бо мо дӯст аст, бояд ба қавонини мо эҳтиром бигузорад ва шунуди ғайриқонунӣ ба маънии ин аст, ки ду кишвар ба ҳам эътимод надорад.
Ӯ афзуд, ки ҳануз ҳукумати Афғонистон ба шавоҳидии мабнӣ бар шунуди ғайриқонунии муколамоти телефунии шаҳрвандони худ даст наёфтааст.
Вазири мухобироти Афғонистон гуфт, ки бар асоси қонуни асосии Афғонистон "озодӣ ва маҳрамии муросилот ва мухобироти ашхос чӣ ба сурати мактуб бошад ва чӣ ба василаи телефун, телегроф ва васоили дигар, аз таъарруз масъун аст. Давлат ҳаққи тафтиши муросилот ва мухобироти ашхосро надорад, магар мутобиқ ба аҳкоми қонун. "
Оқои Сангин дар идома баён дошт, ки Афғонистон низ аз раванди шунуд, ки дар кишвари дигар анҷом шуда, нигарон шуда вале ҳануз ҳиҷ гуна санад мабнӣ бар шунуди муколамоти ғайриқонунӣ дар даст нест.
Ӯ афзуд, ки дар Афғонистон сабти муколамоти телефунӣ дар сурате ки қонун иҷоза бидиҳад, муҷоз аст ва шунуди муколамоти афроде, ки бо теруристҳо иртибот доранд, даст ба аъмоли харобкорона мезананд ё дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд, муҷоз шумурда мешавад.
Вазири мухобироти Афғонистон гуфт, ки давлати Афғонистон фақат қодир аст аз шунуди муколамоти теъдоди маҳдуде аз мақомоти аршади давлатӣ, аз ҷумла раиси ҷумҳур бо иқдомоти фаннӣ ҷилавгирӣ кунад, вале ҷилавгирӣ аз шунуди тамоми атбоъи Афғонистон коре аст ғайри мақдур ва ғайриамалӣ.
Ӯ дар бораи гузориши рӯзномаи саъудии Араб Нюз, ки навишта идораи иттилоъоти Омрико ҳудуди 22 милёрд мавриди шунуд дар Афғонистон анҷом дода, гуфт ин теъдоди шунуд ба ин далел шояд бошад, ки Омрико шарики истротежики Афғонистон аст ва ин кишвар хатти муқаддами мубориза бо терурисм ва қочоқчиёни маводи мухаддир аст.
Ӯ таъкид кард, ки давлати Афғонистон мавзуъро баррасӣ мекунад ва агар шунуд анҷом шуда бошад, мо низ мисли дигар мамолик вокуниш нишон хоҳем дод.
Вазири мухобироти Афғонистон гуфт, ки як мамлакати дӯст чаро бояд шунуд анҷом диҳад ва бояд дар бораи шунудҳои гузашта тавзеҳ бидиҳад ва ин амалро мутаваққиф кунад.
