Изъони Омрико ба лузуми "маҳдудияти ҷосусӣ"

  • 29 Октябр, 2013
Image caption Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед дар ҷамъи хабарнигорон

Дар вокуниш ба гузоришҳои ҷанҷолбарангези ҷосусии Омрико дар кишварҳои муттаҳиди худ, Кохи Сафед изъон карда бояд маҳдудияти бештаре бар амалиёти гирдоварии иттилоъоти ожонсҳои амниятии ин кишвар эъмол шавад.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи душанбе гуфт, ки Омрико мутаваҷҷеҳи ин нукта ҳаст, ки бояд маҳдудиятҳои бештаре бар наҳваи ҷамъоварӣ ва истифода аз иттилоъот дар Омрико эъмол шавад ва нигаронӣ аз нақзи ҳарими хусусии афрод дар ҷаласоти сиёсатгузорӣ лиҳоз хоҳад шуд.

Гуфтаҳои оқои Корнӣ пас аз он сурат гирифт, ки гузоришҳое дар бораи шунуди муколимоти раҳбарони сиёсии муттаҳиди Омрико ва ҷамъоварии иттилоъоти телефунӣ дар Олмон, Фаронса, Испониё ва Бразил мунташир шуд.

Як ҳайъати урупоӣ дар Вошингтун гуфта ин фаъъолиятҳо боъиси салби эътимод аз Омрико мешавад.

Ҷей Корнӣ , сухангӯйи Кохи Сафед, ба хабарнигорон гуфтааст Омрико аз тавоноии худ дар ҷамъоварии иттилоъот барои пешбурди аҳдофи иқтисодии худ истифода намекунад ва раиси ҷумҳурии Омрико мутаъаҳҳид аст, ки ин иттилоъот танҳо аз он ҷиҳат ҷамъоварӣ шаванд, ки барои амнияти Омрико лозим аст.

Оқои Корнӣ афзудааст: "Мо бояд мутмаъин шавем, ки манобеъи иттилоъотиамон дар ҷиҳати аҳдофи сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии мо қарор дорад ва ба беҳтарин ваҷҳи мумкин маҳосин ва мухотироти фаъъолиятҳои худро санҷидаем."

Ба гуфтаи сухангӯйи Кохи Сафед қарор аст манобеъи иттилоъотии Омрико комилан бозбинӣ шаванд ва "натоиҷи ин бозбинӣ метавонад ба давлат кумак кунад аз амнияти шаҳрвандони Омрико ва муттаҳидонаш итминон ёбад ва дар айни ҳол нигарониҳои матраҳ аз нақзи ҳарими хусусӣ дар Омрико ва кишварҳои дигарро рафъ кунад."

Нигарониҳои ҷиддӣ

На раиси ҷумҳурии Омрико ва на Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, вокуниши мустақиме дар бораи гузоришҳои марбут ба шунуди муколимоти раҳбарони кишварҳои муттаҳиди Омрико нишон надодаанд.

Авоили рӯзи душанбе намояндагони кумитаҳои озодиҳои маданӣ, адолат ва умури дохилӣ дар порлумони Иттиҳодияи Урупо дар бораи гузоришҳои марбут ба ҷосусии Омрико дар кишварҳои урупоӣ бо аъзои кунгреи Омрико суҳбат карданд.

Клуд Мурес, намояндаи Бритониё дар ин порлумон, ба Би-би-сӣ гуфт: "Мо мехостем мустақиман ба онҳо мунтақил кунем, ки нигаронӣ аз ҷосусии густардаи Омрико ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони урупоӣ як нигаронии ҷиддӣ аст. Ин намояндаи порлумони Урупо афзуд, ки посухҳое, ки аз сӯйи аъзои кунгреи Омрико шунида, барои ӯ ва ҳамқаторонаш мутақоъидкунанда набудааст: "Ҷавоб медиҳанд аммо на ҷавобе, ки мо ба дунболаш ҳастем. Мо аз шунидани ин ки ҷосусӣ ҳамеша буда ва ҳоло ҳам ҳаст, хаста шудаем."

Испониё низ аз Омрико хоста ҷузъиёти шунудҳое, ки дар кишвар анҷом медиҳад дар ихтиёри Модрид бигузорад.

Бар асоси гузоришҳои мунташиршудаи Ожонси амнияти миллии Омрико 60 милюн тамоси телефуниро зарфи як моҳ дар Испониё зери назар доштааст.

Бар асоси ин гузориш, ки тавассути рӯзномаи Алмунду мунташир шуда, Ожонси амнияти миллии Омрико даҳҳо милюн тамоси телефунӣ, паёми матнӣ ва имейли шаҳрвандони Испониёро дар моҳи декабр то январи 2012 радёбӣ кардааст. Авҷи ин радгириҳо рӯзи 11 декабри 2012 будааст.

Ин ифшогариҳо аз асноде бармехезад, ки тавассути Эдворд Иснувден, корманди собиқи Ожонси амнияти миллии Омрико, мунташир шудааст.

Оқои Иснувден дар ҳоли ҳозир фирорӣ аст ва дар Русия зиндагӣ мекунад.

Мушаххас нест, ки гирдоварии иттилоъот дар Испониё аз тариқи фибрҳои нурӣ ҷамъоварӣ шуда ё ба воситаи ширкатҳои хадамоти мухобиротӣ.

Гуфта мешавад Ожонси амнияти миллӣ одреси фиристанда ва гирандаи имейл ва одресҳои ой-пии онҳоро дар канори ҳаҷми паёми мухобирашаванда ва гоҳе мавзӯъи паёмро ҷамъоварӣ кардааст.

Дар гирдоварии иттилоъоти марбут ба тамосҳои телефунӣ шумораи мақсад ва манбаъ дар канори таърих ва мавқеъият ва тӯли муколима гирдоварӣ шудааст.

Бо ин ҳама мақомоти иттилоъотӣ мегӯянд муҳтавои гуфтугӯҳои телефунӣ шунуд нашудааст. Ожонси амнияти миллӣ дар айни ҳол мегӯяд маъмулан иттилоъоти марбут ба мавқеъияти тамоси телефунҳои ҳамроҳро захира намекунад.

Қарор аст Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, низ мақомоти амниятии худро ба Вошингтун бифиристад, то дар бораи шунуди телефуни хонуми Меркел аз Омрико тавзеҳ бихоҳанд.

Расонаҳои Олмон гузориш карда буданд Омрико беш аз як даҳа аст, ки телефуни хонуми Меркелро расад мекунад ва танҳо ҳамин чанд моҳ пеш ин кор мутаваққиф шудааст.

Як сухангӯйи давлати Олмон дар кунфронсе хабарӣ гуфт умедвор аст эътимод миёни ду кишвар дубора барқарор шавад.

Дар ҳамин ҳол, як ожонси хабарии Жопун гузориш дода Ожонси амнияти миллии Омрико дар соли 2011 аз Жопун хоста ба ин кишвар кумак кунад, то ба иттилоъоти фибрҳои нурии минтақаи Осиё Посифик, аз ҷумла иттилоъоти шахсӣ, даст пайдо кунад.

Хабаргузории Киюду мегӯяд дастрасӣ ба фибрҳои нурии маҳдудаи Жопун ба Иёлоти Муттаҳида ин имконотро медода, ки аз Чин ҷосусӣ кунад.

Матолиби муртабит